расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳинд: Афғонистон барои бадастовардани эътимоди аз даст рафтаи худ ба замон ниёз дорад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Ҳинд: Афғонистон барои бадастовардани эътимоди аз даст рафтаи худ ба замон ниёз дорад

Барои бадаст овардани эътимоди аз даст рафтаи Афғонистон ва ҳамчунин иртиботи сиёсӣ ва фаъол кардани сафорати Ҳинд дар Афғонистон ба замон ниёз дорад, мегӯяд вазири хориҷа Ҳинд Ҷайшанкар Субраманям, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Оқои Ҷайшанкар ҳамчунин ахиран гуфтааст, ки то замоне, ки мушкилоти мавҷуда ҳал нашавад Ҳинд наметавонад дар бахшҳои мухталиф бо Афғонистон иртибот барқарор кунад.

Бо онки шуморе аз дипломатҳои Ҳинд ба манзури ҳамоҳангӣ кумакҳои башарӣ дар Афғонистон ҳузур доранд, аммо Деҳлӣ то ҳануз сифорати худро дар Кобул расман бозгушоӣ накардааст.

Вазири хориҷаи Ҳинд дар суҳбатҳои худ ба масоили террористӣ ишора карда мегӯяд, ки дар асари талошҳои Ҳинд ҳоло дунё низ ба ин натиҷа расидаанд, ки Покистони бузургтарин кишвари ҳомии терроризм дар ҷаҳон мебошад.

Ёдовар мешавем, чанде пеш вазири дифои Ҳинд ахиран гуфта буд, ки набояд аз қаламрави мустақили Афғонистон барои ҳамла ба кишварҳои дигар истифода шавад.

Ҳинд аз кишварҳои узви СҲШ хост, ки мақомҳои сарпарасти Афғонистонро ба мусолиҳаи миллӣ ва эҷоди ҳукумати фарогир ташвиқ кунанд.
Ражнатх Сингх, вазири дифои Ҳинд бо тавваҷуҳ ба тасаллути толибон бар манотиқ ҷангзада бар ҳимояти Ҳинд аз Афғонистон "ором, амн ва босубот" таъкид кард.

Вай афзуд, ки бо фароҳам кардани паноҳгоҳҳои амн ва омӯзиш ба террористҳо ва ҳимоят аз фаъолиятҳои онҳо аз тариқи кумакҳои молӣ аз хоки Афғонистон набояд барои ҳамла ба кишварҳои дигар истифода шавад.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • casinosite | Гости

    It's really great. Thank you for providing a quality article. There is something you might be interested in. Do you know casinosite ? If you have more questions, please come to my site and check it out!


  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.