расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Паёми Аҳмадзода: тоҷикиро бояд ба пояи забони илми муосир рушд диҳем

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Паёми Аҳмадзода: тоҷикиро бояд ба пояи забони илми муосир рушд диҳем

Мақоми забони давлатиро бояд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баланд бардорем, изҳор дошт раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода.

Ӯ дар паёми шодбошияш ба муносибати рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мешавад, зикр кард, ки забон яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.

Аҳмадзода хотиррасон намудаст, ки забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист. Дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод ва забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд, омадааст дар паём.

Аҳмадзода масъалаи ба пояи забони илми муосир расонидани забони тоҷикиро муҳим хондаст.

"Аз ин рў, ҳар яки моро зарур аст, барои ҳамқадами замон шудани забони давлатӣ ва бар пояи забони илм рушд кардани он кӯшиш ба харҷ диҳем", - афзудаст ӯ.

Зикр гардидаст, ки бо ин забон осори қофиласолори назм Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, шоирон Абулқосим Фирдавсӣ, Мавлоно Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ офарида шудаанд, ки бояд ифтихори ҳар як соҳибзабон бошад.

Вай изҳори итминон кард, ки Рӯзи забони давлатӣ барои шинохти асолати миллӣ, баланд бардоштани худшиносию худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба ин рукни асосии давлатдории миллӣ нақши бориз хоҳад гузошт.



Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.