расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳалокати 4 нафар дар садамаҳои нақлиётии марговар

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Ҳалокати 4 нафар дар садамаҳои нақлиётии марговар


Ифтихор Мирзоев, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри” дар роҳи Душанбе – Турсунзода духтари ноболиғро бо мошин зада, аввал аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад ва баъдан баргашта омадааст. Дар ин бора сомонаи ВКД иттилоъ медиҳад.
Ин сомона менависад: “1-уми октябри соли 2022, тахминан соати 01:40, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри”, Мирзоев Ифтихор Бурихонович, соли таваллудаш 1992, сокини пойтахт, зимни ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода, ба самти шаҳри Душанбе дар шоҳроҳи “Турсунзода-Ҳисор-Душанбе” пиёдагарди ноболиғ, Мухторова Мунавара Аҳтамовна, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Ҳисор, ки аз канори рости роҳ, аз автомашинаи “Опел-Астра” аз тарафи чапаш фаромада, ҳангоми аз тарафи рости роҳ ба тарафи чапи роҳ давида гузаштанаш, ба қисми пеши автомашинаи мазкур бархӯрдааст”.
Гуфта мешавад, ки Мухторова М.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва дар ин ҳолат, ронанда Мирзоев И.Б. дар ҷойи ҳодиса наистода, кардааст ва баъд аз чанд лаҳза баргашта омадааст.
Ҳамчунин, ҳамон рӯз тахминан соати 21:20 ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», Фозилзода Ҳусейнҷони Сангалӣ, соли тавалудаш 1997, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба монеаи гузоштаи канори роҳ бархӯрдааст, ки дар натиҷа, мусофири дохили автомашина, Олимов Хайрулло Абдуллоевич, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри мазкур, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тавр, 1-уми октябри соли 2022, тахминан соати 12:10 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Комилзода Бахтовари Файзулло, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар километри 23-юми роҳи мошингарди “Ваҳдат-Кӯлоб-Хоруғ”, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби барқии канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашина, Муъминов Шаҳзод Муҳаммадович, соли таваллудаш 2000, сокини ҳамин шаҳр ва Раҷабов Нуриддин Шукруллоевич, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Хуросон, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Дар хабари ВКД гуфта мешавад, ки оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.