расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Сафорати Русия дар Тоҷикистон сафарбарсозии муҳоҷирон ба артишро рад кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Сафорати Русия дар Тоҷикистон сафарбарсозии муҳоҷирон ба артишро рад кард

Аз тоҷикистониён даъват карда шудааст, ки ба асноди қалбакӣ дар атрофи сафарбаркунии хориҷиён ба артиш бовар накунанд.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон бо нашри муроҷиатнома дар "Telegram"-и расмӣ зикр намуд, ки дар интернет маводе паҳн мешаванд, ки гӯё ин басичи нисбӣ ба муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ низ дахл дорад.

Аммо ин иттилоъ ба воқеият рабте надорад ва ба хотири тира сохтани равобити Маскав бо кишварҳои дигар роҳандозӣ гардидаст, таъкид намуд манбаъ.

"Мо аз шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия, аз ҷумла тоҷикистониён даъват мекунем, ки ба иғвоҳои мухталиф дода нашаванд ва танҳо ба маълумоти расмӣ такя намоянд", - омадааст дар паём.

Ёдовар мешавем, ки Русия аллакай қонунеро қабул кардааст, ки бар асоси он ба хориҷиёне, ки барои хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ФР ба муҳлати на камтар аз як сол шартнома мебанданд, шаҳрвандӣ бо тартиби соддашуда ироа мегардад.

Дар ин сурат муҳоҷирон метавонанд бидуни пешниҳоди санади иҷозаи иқомат ва бидуни ҳузури бетанаффуси 5-сола дар қаламрави Русия барои дарёфти шаҳрвандӣ муроҷиат кунанд.

Қаблан Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав гуфт, ҳукумати шаҳр дар маркази бисёрманзураи бахши муҳоҷиратии Сахарово инфрасохтори муносиберо барои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба хидмати низомӣ фароҳам хоҳад кард.

Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Русия барои гирифтани шаҳрвандӣ низоми соддакардашуда барои шаҳрвандони Украина, Молдова ва Қазоқистон амал мекунад. Аз нимаи моҳи июли соли 2021 шаҳрвандони кишварҳои зикршуда ҳақ доранд, ки бидуни квота иҷозаи иқомат гиранду сипас шаҳрвандии ФР-ро соҳиб шаванд.


Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.