расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Лимит ё корҳои таъмирӣ? Шарҳи "Барқи тоҷик"

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Лимит ё корҳои таъмирӣ? Шарҳи "Барқи тоҷик"


Намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, дар Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ нашудааст ва моҳҳои оянда низ "лимит" дар назар нест.
Як ҳафтаи ахир сокинон аз чанд минтақа, Турсунзода, Панҷакент ва Кӯлоб шикоят карданд, ки шабона ва рӯзона аз чор то шаш соат интиқоли барқ ба хонаҳояшон қатъ мешавад.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 30-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ навъ лимит ҷорӣ нашудааст. Ӯ гуфт, дар ноҳияҳое, ки барқ барои чанд соат қатъ мешавад, он барои корҳои таъмирӣ дар системаи барқрасонӣ сурат мегирад.
Ба гуфтаи ӯ, дар бархе ноҳияҳо зеристгоҳҳо ва симчӯбҳоро таъмир мекунанд ва дар бархе навоҳии дигар шохи дарахтонеро, ки ба симҳо мерасанд, мебуранд. Аз ин рӯ, ба қавли ӯ, барои чанд соат интиқоли барқ қатъ мешавад.
Дар Тоҷикистон панҷ соли ахир расман лимит ё маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ намекунанд, вале ҳар сол дар фасли сармо сокинон аз қатъи барқ шикоят мекунанд. Мақомот набуди барқ ба хонаи сокинонро ҳамеша ба "корҳои таъмирӣ" рабт медиҳанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.