расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳозир хонаи иҷора дар Душанбе чанд пул нарх дорад?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Ҳозир хонаи иҷора дар Душанбе чанд пул нарх дорад?


Нархи иҷораи хона дар Душанбе дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта якчанд баробар боло рафт. Ба гуфтаи риелторҳо (миёнаравони хариду иҷораи манзил), сабаби болоравии нарх ба Тоҷикистон омадани шумори зиёди шаҳрвандони Русия мебошад, ки пас аз эълони қисман сафарбарии ҳайати захираҳои ҳарбӣ ба артиши ин кишвар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ фирор мекунанд.
Рӯзи 29 сентябр нархҳо чунин буданд:

Барои як шабонарӯз

аз 150 то 1000 сомонӣ
Дар марказ ва наздикиҳои марказ – аз 200 то 500 сомонӣ (дар баъзе маврид то 1000 сомонӣ)
Канораҳои шаҳр – аз 120 то 200 сомонӣ

Барои як моҳ

Якҳуҷрагӣ  аз 1500 то 8000 сомонӣ
Дар марказ ва наздикиҳои марказ – аз 3000 то 8000 сомонӣ
Канораҳо – аз 1500 то 3000 сомонӣ
Баъзан эълонҳоеро ҳам дидан мумкин аст, ки нархи баландтар пешниҳод мешавад.
Дуҳуҷрагӣ аз 2 000 то 15 000
Марказ ва наздикиҳои марказ – аз 5000 то 15000
Канораҳо – аз 2000 то 3500
Сеҳуҷрагӣ аз 3000 то 20000
Марказ ва наздикиҳои марказ – аз 8000 то 20000
Канораҳо – аз 3000 то 5000
Чорҳуҷрагӣ аз 3500 то 30000
Марказ ва наздикиҳои марказ – аз 8000 то 30000
Канораҳо – аз 3000 то 6000
Панҷҳуҷрагӣ ва зиёдтар аз 3500 то 33000
Марказ ва наздикиҳои марказ – аз 10000 то 33000
Канораҳо – аз 3500 то 8000

Озмоиш

Мо тасмим гирифтем, ки дар ин маврид озмоиш гузаронида, ба эълонҳо занг занем ва арзиши хонаҳои иҷора, инчунин фарқияти нархи он ба сокинони ҷумҳурӣ ва шахсони аз хориҷи кишвар омадаро бифаҳмем.
Натиҷаи ҳосилшуда аз озмоишро дар навори видеоии мо тамошо кунед:

Шахсони аз хориҷи кишвар омада пардохти шабонарӯзиро афзал медонанд

Яке аз риелторҳо хабар дод, ки аксарияти афроди аз Русия омада пардохти маблағи иҷораро барои як шабонарӯз ё барои як кас дар як моҳ афзал медонанд.
“Масалан, 4-5 нафар бо соҳиби хонаи якҳуҷрагӣ ё дуҳуҷрагӣ гапзанон карда, ҳар кадоме барои худ 100 ё 200 доллар маблағи иҷора пардохт мекунад. Онҳо маъмулан хонаҳоеро интихоб мекунанд, ки дар он ҷо интернеташ хуб кор кунад”, - гуфт вай.
Маҳз бо сабаби интернети хуб нархи иҷораи хона дар маркази шаҳр боло рафта, дар гирду атроф ва канораҳои пойтахт болоравии нарх на он қадр ба мушоҳида мерасад. Масалан дар маҳаллаи Гипрозем фарқияти нарх дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта 10-20 долларро ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва торнамои somon.tj акнун бо эълонҳое ҳам дар бораи иҷораи хона вохӯрдан мумкин аст, ки дар онҳо “танҳо барои хориҷиён” бо нархи баландшуда зикр мешаванд.
Ҳамчунин ВАО-и Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ аз 30% болоравии нархи иҷораи хона дар ин кишварҳо хабар медиҳанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.