расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Кумаки Тоҷикистон ба 120 ҳазор шахсони эҳтиёҷманд дар Афғонистон

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Кумаки Тоҷикистон ба 120 ҳазор шахсони эҳтиёҷманд дар Афғонистон

Бо дастурираисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишвар 1000 тонна орди гандумро ба Афғонистон ирсол намуд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) хабар додааст, ки ин кумаки башардӯстона ба зиёда аз 120 ҳазор шахсони эҳтиёҷманди ин Афғонистон тақсим гардид.

Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки 26 ноябри соли 2021 бо мусоидати Ҳукумати Тоҷикистон маросими оғози расонидани кумаки башардӯстона аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) ба Афғонистон баргузор гардид.

Кумаки мазкур аз 2500 тонна орди гандумӣ иборат буда, он ба минтақаи Бадахшони Афғонистон тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон интиқол дода шуд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аввалин шуда тасмим гирифт, ки қаламрави худро барои интиқоли ин гуна мавод ба Афғонистон пешниҳод намояд.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.