расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Путин: Ғарб кӯшиш дорад дар кишварҳои ҳамсуд қатлу куштор роҳандозӣ кунад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Путин: Ғарб кӯшиш дорад дар кишварҳои ҳамсуд қатлу куштор роҳандозӣ кунад

Кишварҳои Ғарб талош доранд дар қаламрави кишварҳои ИДМ низоъ ба вуҷуд биёранд, гуфт Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар мулоқот бо намояндагони хадамотҳои амниятӣ ва истихборотии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

“Рақибони геополитикии мо, рақибони мо дар пайи ҳадафҳои худ ҳастанд, тавре ки чанде пеш гуфта будем. Онҳо омодаанд, ҳар касе ва ҳар кишварро зери балое гузоранд ва ин кишварро ба маркази бӯҳрон табдил диҳанд. Онҳо инқилобҳои ранга роҳандозӣ мекунанд ва қатлу кушторро ба роҳ мемонанд. Мо инро на як бору ду бор дидаам”, — гуфт Путин.

Ба гуфтаи раҳбари Русия, ин ба хотири ҷилавгирӣ аз ташаккули низоми одилонаи ҷаҳонӣ сурат мегирад - Ғарб талош дорад ихтилофоти кӯҳнаро дубора ба вуҷуд биёрад.

Кишвардори Русия бар он аст, ки Ғарб мехоҳад мушкилот ва бӯҳронҳои навро ба вуҷуд биёрад.

"Гегемонияи якқутбӣ аз байн меравад. Ин воқеияти объектест, ки Ғарб онро қабул надорад. Ва мо онро ҳоло хуб мушоҳида дорем", - шарҳ дод раисҷумҳури Русия.

Дар ҳамин ҳол, Путин таъкид кард, ки амнияти беруна ва суботи дохилӣ шарти аслии рушди пешрафтаи кишварҳои минтақа аст.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.