расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Президент Шавкат Бобозодаро барканор кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Президент Шавкат Бобозодаро барканор кард

Ӯ як ҳафтаи қабл ба иттиҳоми даст доштан дар фасод аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар гуфт, фармони барканории Шавкат Бобозода имрӯз, 29 сентябри 2022, аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон, имзо шудааст.

“Сухан аз озод шудани Шавкат Бобозода, аз вазифаи директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон меравад”, - гуфт манбаъ.

Барканории Шавкат Бобозода дар ҳолест, ки як ҳафта ба ин сӯ дар пайи шикояти як ширкати хориҷӣ аз сӯи Прокуратураи генералии Тоҷикистон боздошт шудааст. Гуфта мешавад, вай аз ин ширкат ҳудуди 1 миллиард сомониро гирифта, масъулияти худро анҷом надодааст.

Шавкат Бобозода соли 2019 директори Агентии содироти Тоҷикистон, ки нав ҳамчун як ниҳоди назди ҳукумати кишвар таъсис ёфта буд, таъин шуд. Вай қаблан вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва раиси шаҳри Чкаловски вилояти Суғд буд.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.