расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Эълони ҷамъоварии кумак барои сохтмони мактаби тахрибшуда дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Эълони ҷамъоварии кумак барои сохтмони мактаби тахрибшуда дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ


Шаҳрдории Исфара дар ҳамдастӣ бо ТҶ “Садоқат” эълон карданд, ки ҷамъоварии кумак барои сохтмони бинои нави мактаби №64 дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ки бар асари задахӯрди мусаллаҳона байни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон тахриб шуд, оғоз мегардад.
Ташкилоти ҷамъиятии “Садоқат” созмони ғайритиҷоративу ғайриҳукуматист, ки соли 2000-ум таъсис дода шуда, дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Ҳадафи асосии он беҳбуд бахшидан ба шароити зиндагӣ дар манотиқи деҳот унвон мешавад. Дар давоми 20 соли мавҷудият аз ҷониби ин ташкилот ҳудуди 25 лоиҳа дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ муваффақона амалӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки сарфи назар аз созиш дар бораи оташбас байни мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳҳои гуногун, 16 сентябр соати 19:00 мактабҳои №64 ва №25-и ҷамоати Чоркӯҳ мавриди оташфишонӣ қарор гирифта, тахриб шуданд.



Суратҳо аз Облоқул Мӯсоев, рӯзноманигор1/8

Хоҳишмандон кумаки худро тариқи суроғаҳои зерин ирсол карда метавонанд:

Тариқи ҳамёни мобилии  Алиф Моби: +992 93 777 44 66,
Тариқи  реквизитҳои бонкӣ бо сомонӣ:
Бонки Қабулкунанда: ҶСК «Алиф Бонк»
БИК: 350101900
РМА: 030026536
С/м.: № 20402972919001 в НБТ
С/ҳ.: № 10301972600000000101
Қабулкунанда: Ташкилоти ҷамъиятии “Садоқат”
Суратҳисоб: 20202972800031088201 - TJS
РМА: 620004271
 
Тариқи реквизитҳои бонкӣ бо доллари ИМА:
Correspondent Bank: JSC HALYK SAVINGS BANK OF KAZAKHSTAN
40 Al-Farabi ave., ALMATY, Kazakhstan
SWIFT: HSBKKZKX
Beneficiary Bank: ALIF BANK OJSC
Republic of Tajikistan, Dushanbe
SWIFT: ALIFTJ22
IBAN CODE: KZ236010071000000214
Beneficiary: Public Organization "Sadoqat"
Account: 20206840200031088201
 
Тариқи реквизитҳои бонкӣ бо Евро:
Correspondent Bank: JSC HALYK SAVINGS BANK OF KAZAKHSTAN
40 Al-Farabi ave., ALMATY, Kazakhstan
SWIFT: HSBKKZKX
Beneficiary Bank: ALIF BANK OJSC
Republic of Tajikistan, Dushanbe
SWIFT: ALIFTJ22
IBAN CODE: KZ396010071000000217
Beneficiary: Public Organization "Sadoqat"
Account: 20206978800031088201
Шахсоне, ки дар хориҷи кишвар қарор доранду кумак кардан мехоҳанд, ин амали хайрро дар сомонаи http://goto.gg/57247 анҷом дода метавонанд.
Хоҳишмандем, ки дар шарҳҳо “барои мактаб дар Исфара” зикр шавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.