расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Сироҷиддин Муҳриддин бо Энтони Блинкен аз таҷовузи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон гуфт

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Сироҷиддин Муҳриддин бо Энтони Блинкен аз таҷовузи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон гуфт


Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Энтони Блинкен, котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Вашингтон вазъи кунунӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба иттилои ВКХ-и Тоҷикистон, ҷонибҳо зимни мулоқоти дирӯза, 27-уми сентябр, перомуни аҳаммияти платформаи “С5+1” барои минтақа ҳам гуфтушунид кардаанд.
Гуфта мешавад, ки платформаи “C5+1” соли 2015 барои баррасии масъалаҳои минтақавӣ таъсис дода шуда, дар ҳайати он Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва ИМА шомиланд.
Ҷонибҳо ҳамчунин, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрикоро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ҳамкориҳои амниятӣ баррасӣ карда, бобати истифодаи имкониятҳои васеъ барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби барномаҳои Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) табодули афкор карданд.
Ҳамин тавр, дар мулоқот вазъи кунунии Афғонистон баррасӣ гардида, зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо чолишу таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир таъкид шудааст.
Ёдовар мешавем, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориқии кишвар 24-уми сентябр дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк суханронӣ карда, мавқеи Тоҷикистонро дар робита ба масоили марзии кишвар бо Қирғизистон шарҳ дод.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.