расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Нуктаҳои асосии суханронии Сироҷиддин Муҳриддин дар СММ оид ба масоили марзӣ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Нуктаҳои асосии суханронии Сироҷиддин Муҳриддин дар СММ оид ба масоили марзӣ


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 24-уми сентябр дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк суханронӣ карда, мавқеи Тоҷикистонро дар робита ба масоили марзии кишвар бо Қирғизистон шарҳ дод. “Asia-Plus” нуктаҳои асосии суханронии Сироҷиддин Муҳриддинро барои хонандагон пешниҳод мекунад:
🔹Боиси таассуф аст, ки масъалаҳои ҳаллуфасли хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки аз таърих мерос мондааст, беасос ба Маҷмаи Умумии СММ кашида шуданд.
🔹Боиси таассуфи амиқ аст, ки Қирғизистон бо нишон додани диди дурӯғини дур бурдани қӯшунҳо ва техникаи вазнини ҳарбӣ аз хатти сарҳад ва пинҳон намудани онҳо дар макони наздисарҳадии сукунати одамон аз созишҳои ҳосилшуда канор меравад. Аз ин лиҳоз, масъулияти сар задани дилхоҳ таниши навбатӣ дар хатти сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон пурра бар зиммаи Қирғизистон хоҳад буд.
🔹Дар натиҷаи пархошкории ҳарбӣ аз тарафи Қирғизистон зиёда аз 40 нафар кушта ва наздики дусад шаҳрванди мулкии Тоҷикистон захмӣ шуданд. Занҳои ҳомила, кӯдакону калонсолон, духтурон, инчунин мусулмонҳои ботақво – ширкаткунандагони маросими ҷаноза дар масҷид аз зумраи онҳо буданд.
🔹Ба ҷуз объектҳои наздисарҳадӣ, инчунин мактабҳо, шифохонаҳо, муассисаҳои ҷамъиятии фарҳангӣ, хонаҳои истиқоматӣ, инфрасохтор ва васоили иртиботот хароб шуданд. Пас пархошкор (агрессор) кист?
🔹Дар таърихи 20-солаи музокирот бо Қирғизистон мо даҳҳо протокол имзо кардаем. Аммо, бо гузашти вақту тағйири қувваҳои сиёсӣ дар қудрат, ин санадҳо таҷдиди назар мешаванд ва танҳо он муқаррароте, ки танҳо ба он тараф мақбул аст, мавриди иҷро қарор мегиранд.
🔹Ба ҳолати имрӯз, ҳар ду кишвар тавонистанд, то 602,5 км-и сарҳадро ҳамоҳанг намуда, шарҳи лоиҳавии онро омода намоянд, ки ин 61 фисад аз дарозии умумии онро ташкил медиҳад.
🔹Боиси таассуфи амиқ аст, ки Қирғизистон бо такя ба бархӯрди яктарафа, ҷонибдорона ва аз пеш таъйиншуда шурӯъ аз солҳои 50-уми асри гузашта худсарона зиёда аз 2110 километри мураббаъ замини қонунан мансуб ба Тоҷикистонро ғасб намудааст. Ба ин нукта низ ҳамсояҳои мо ишора накарданд.
🔹Мехоҳам ба Маҷмаи Умумӣ иттилоъ диҳам, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати шарҳи гузариши хатти сарҳади давлатӣ мутобиқ ба тақсимоти марзӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ба созиш расидаанд.
🔹Маҳз ҳамин санадҳо ҳамаи тартиботу равишҳои конститутсиониро гузашта, аз ин лиҳоз заминаи ягонаи ҳуқуқии идомаи раванди музокиротро ташкил медиҳанд.
🔹Новобаста ба ин, ба мақсади нишон додани ҳусни ният ва хушоҳангии ҳадди аксар мо бо ҳамсояҳо розӣ шудем, ки ҳамчунин маводди комиссияи баробарии соли 1989-ро, ки Қирғизистон пешниҳод кард, истифода намоем.
🔹Мо омодаем, ки музокиротро идома диҳем ва муътақидем, ки мардумони тоҷику қирғиз ҳақ доранд ҳамроҳ дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ҳамоҳангӣ зиндагӣ ва эҷод кунанд.
🔹Тоҷикистон, ки ваҳшати низои дохилиро аз сар гузаронидааст, қадри сулҳро медонад ва ҳамаи талошҳои худро ба он равона мекунад, ки дар минтақаи мо суботу амният ҳукмфармо бошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.