расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Саймумин Ятимов ва Рамазон Раҳимзода низомиёни маҷруҳшудаи даргириҳои марзиро аёдат карданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Саймумин Ятимов ва Рамазон Раҳимзода низомиёни маҷруҳшудаи даргириҳои марзиро аёдат карданд


Саймумин Ятимов, раиси КДАМ ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ якҷо бо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд сарбозону афсаронеро, ки дар даргириҳои ахири марзӣ захмӣ шуда буданд, аёдат намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Онҳо дар Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Беморхонаи клиникавии шаҳрии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд сарбозону афсарони қисмҳои низомиро аёдат кардаанд.
Гуфта мешавад, ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон барои табобати захмиён доруворӣ ва хӯроку маводи зарурӣ дастрас гардида, кормандони беҳтарини соҳаи тиб ҷалб гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи Тоҷикистону Қирғизистон дар манотиқи сарҳатии баҳснок, даҳҳо нафар куштаву садҳо нафар захмӣ шуданд. Мақомоти расмии Тоҷикистон дар хусуси куштори 41 нафар иттилоъ медиҳанд, дар ҳоле, ки расонаҳо теъдоди кушташудагонро 74 нафар мегӯянд. Қирғизистон аз кушта шудани 59 нафар иттилоъ медиҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.