расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » “Ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон мекунанд”

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

“Ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон мекунанд”


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳорот дар АМИТ “Ховар” аз идомаёбии амалҳои вайрон кардани ҳарими ҳавоии Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки “амалҳои сершумори вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки аз қаламрави Қирғизистон парвоз мекунанд, идома доранд”.
“21 сентябр, аз соати 19:14 то соати 22:46 парвози ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон дар болои шаҳрҳои Исфара, Конибодом, ноҳияҳои Деваштич, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Лахш, Рашт ва Мурғоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида карда шуд. Дар посгоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон «Росровут», «Муряк» ва «Нуробод» низ ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон мушоҳида гардиданд”, - гуфта мешавад дар изҳороти ВКХ.
ВКХ Тоҷикистон “чунин амалҳои иғвоангезонаи ҷониби Қирғизистонро дағалона вайрон кардани тамоми созишҳо ва таҷовуз ба қаламрави давлати соҳибистиқлол” номида, аз ҷониби Қирғизистон талаб намудааст, ки “фавран вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъ кунад”.
“Дар акси ҳол, ҷониби Тоҷикистон вазъро ҳамчун омодагӣ ба таҷовузи навбатии Қирғизистон арзёбӣ менамояд, ки масъулияти он бар дӯши ҷониби Қирғизистон вогузор хоҳад шуд», - гуфта мешавад дар изҳороти ВКХ.
Ёдовар мешавад, ки ин изҳороти дуввуми ВКХ Тоҷикистон оид ба вайрон кардани ҳарими ҳавоии Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон мебошад. Дирӯз, 21-уми сентябр низ ВКХ Тоҷикистон бо нашри изҳорот аз назарфиребиҳои ҷониби Қирғизистон дар робита ба берун кашидани нерӯҳои ҳарбӣ ва техникаи вазнини ҷангӣ аз минтақаҳои сарҳадӣ ва вайрон кардани ҳарими ҳавоии Тоҷикистон аз ҷониби ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон изҳори нигаронӣ карда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.