расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Роғун минтақаи сайёҳӣ эълон шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Роғун минтақаи сайёҳӣ эълон шуд


Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ташкили минтақаи сайёҳии “Роғун” қарор ба тасвиб расонид.
Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун супориш дод, ки дар ҳамдастӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон ва дигар идораҳои дахлдор дар муҳлати се моҳ - то аввали соли 2023 лоиҳаи Барномаи рушди минтақаи сайёҳии “Роғун”-ро таҳия ва пешниҳод намоянд.
Дар Стратегияи миллии рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон то соли 2030 низ Роғун дар банди алоҳида ба сифати нуқтаи махсус ҳамчун иншооти сайёҳӣ зикр шудааст.
Шаҳр дорои захираҳои бой ва зерсохтори васеъ мебошад. Осоишгоҳи “Оби Гарм”, Осорхонаи марказии Роғун ва чашмаи шифобахши Муллошайх аз ҷумлаи иншооти асосии соҳаи сайёҳии шаҳр унвон мешаванд.
Минбаъд пас аз анҷоми сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун” сайёҳонро метавон ба тамошои сарбанд ва обанбори неругоҳ ҷалб намуд.
Ғайр аз ин, дар Роғун баргузор намудани ҷашнвораи себ имкон дорад, зеро гирду атрофи шаҳр бо боғҳои себи болаззат ва шаҳдбори худ машҳур аст. Сайёҳии шиносоӣ бо хӯрокҳои миллии ин минтақа низ ояндадор аст.
Дар оянда масоили марбут ба сайёҳӣ дақиқкорона баррасӣ ва захираҳои он тариқи васоити ахбори умум ташвиқ хоҳанд шуд. Ҳамзамон сифати хидматрасонӣ беҳтар шуда, маълумоти оморӣ дар бораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ саҳеҳтар мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди чанде қабл аз неругоҳи “Роғун” ба роҳи мошингарди ҷумҳурияви то даромад ба шаҳр таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дастур дод, ки он таъмиру навсозӣ шавад.
Қобили зикр аст, ки роҳи даромад ба шаҳри Роғун аз шоҳроҳи байнулмлалии Душанбе - Ваҳдат - Лахш оғоз гардида, то маркази шаҳри Роғун ва НБО “Роғун” мерасад. Масофаи он 11 километр аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.