расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Баррасии муноқишаҳои охири марзӣ дар мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири САҲА

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Баррасии муноқишаҳои охири марзӣ дар мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири САҲА

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суҳбат бо Ҳелга Шмид, дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) муноқишаҳои охири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кардааст. Дар ин бора сомонаи ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, онҳо дирӯз, 20 сентябр дар ҳошияи Ҳафтаи сатҳи баланди иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суҳбат кардаанд.
Илова бар гуфтугӯи муноқишаҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон, дар ин вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими робитаҳои Тоҷикистону САҲА баррасӣ гардидааст.
Ҳамзамон, ин ниҳод аз тавсеаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе” оид ба мубориза бо терроризм ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо вобаста ба вазъияти баамаломадаро дар Афғонистон низ мубодилаи афкор намуданд.
Бояд гуфт, зимни мулоқоти рӯзи гузашта, Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш оид ба рӯйдодҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба таври муфассал иттилоъ дода, маводҳои марбута, аз ҷумла навор ва аксҳоеро, ки далели таҷовузи низомии Қирғизистонро собит мекунанд, манзур кард.
Ёдовар мешавем, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафари корӣ ва иштирок дар иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ бо Мубоҳисаҳои умумӣ ҳоло дар Ню-Йорк қарор дорад. Интизор меравад, ки Сироҷиддин Муҳриддин мавқеъ ва диди Тоҷикистонро оид ба мавзӯъҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавиро аз минбари СММ ироа кунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.