расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Нахустин тоҷик дар UFC: Дана Уайт Алиевро узви созмонаш эълон кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Варзиш

Нахустин тоҷик дар UFC: Дана Уайт Алиевро узви созмонаш эълон кард

Дана Уайт, роҳбари UFC размикори тоҷик - Нурулло Алиевро узви нави созмони таҳти идорааш эълон кард.

Ин иттилоъ дар пайи пирӯзии Алиев бар Ҷош Уики амрикоӣ 21 сентябр, бо вақти Душанбе эълон шуд.

Муҳорибаи мазкур дар шаҳри Лас-Вегас баргузор шуда, Алиев аллакай дар даври аввал бартарияти худро нишон доду ҳарифро аз пой афтонд. Зӯрозмоии мазкур бо нокаути техникии Ҷош Уик дар даври аввал анҷом ёфт.

Ҳамин тариқ Алиев аввалин намояндаи Тоҷикистон дар лигаи UFC мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки Алиев пештар аз имзои созишнома бо ташкилоти Дана Уайт - "Dana White Contender Series" хабар дода, ба роҳбари UFC, дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ин имконият сипос гуфтаст.

Қаблан интизор мерафт, рақиби размикори шикастнадидаи тоҷик барои роҳхат ба UFC Наир Меликяни арманӣ хоҳад буд, аммо гуфта мешавад, ӯ ба далели масоили марбути раводид натавонист худро саривақт ба ҷои сабқат расонад.

Маврид ба зикр аст, ки то ин марҳила пеш аз Нурулло Алиев, размикорони дигари тоҷик, аз ҷумла Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов расида, имкони роҳ ёфтан ба UFC-ро доштанд, лек мағлуб шуда буданд.


Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.