расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Кӣ ба оташи бархӯрдҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон рӯған мерезад?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Кӣ ба оташи бархӯрдҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон рӯған мерезад?

Григорий Ростов. Муноқишаи тоҷику қирғиз ба маънии бурунории ҳазорон нафар аз манотиқи марзӣ, тахриби манзилҳо, иншооти шаҳрвандӣ ва маъмурӣ аст.
Дар давраи мавҷудияти паҳлу ба паҳлуи ин ду мамлакат ин яке аз ихтилофҳои ҷиддӣ мебошад.
Ҳамааш ба таври маъмулӣ бо тирпарронӣ миёни марзбонон дар манотиқи баҳсбарангез рӯзи 14 сентябр оғоз шуд. Вазъияти ғайристандартӣ барои он аст, ки дар давоми рӯз се бор бархӯрд сурат гирифт.
"Таваҷҷуҳ кунед, иғво новобаста аз он ки онро кадом тараф оғоз кард, маҳз дар остонаи нишасти сарони СҲШ дар Самарқанд сурат гирифт, ки раҳбарони тамоми кишварҳои узви ин созмон ва ё аз кишварҳое, ки хоҳиши ворид шудан ба онро доранд, дар он ҷо ҷамъ омада буданд. Ин тасодуфӣ буд? Ман бовар дорам, ки не,"- таъкид кард сиёсатшинос Эркин Боранбоев.
Алгоритми амали мақомоти маҳаллӣ аз ҳар ду ҷониб стандартӣ буд - мулоқотҳо, гуфтушунидҳо, даъват ба оташбас. Чунин ба назар мерасид, ки вазъият ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад, аммо ногаҳон боз ташаннуҷ пайдо кард.
"Манбаъҳо хабар доданд, шоми 15 сентябр дар ҳошияи нишасти сарони СҲШ мулоқоти ғайрирасмии сарони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд, ки он гуфтугӯ бо садои баланд сурат гирифт. Эҳтимоли задухӯрди бузург дар тамоми хатти сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳеҷ гуна пешгузаштаи онҳо вуҷуд надошт, мумкин буд", - идома медиҳад коршинос.
Шумораи ҷузъу томҳое, ки дар ташдиди вазъ иштирок доштанд, меафуд. Тарафҳо аз аслиҳа ва хумпораандоз ба истифодаи мошинҳои зиреҳпӯши вазнин гузаштанд. Бишкек ба марз ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрактар”-и туркӣ ва чархболҳои таҳоҷумиро фиристод.
Барои хомӯш кардани низоъ чеҳраҳои муҳимтаре омаданд: сарони вилоятҳои Суғду Бодканд, инчунин кумитаҳои давлатии амнияти миллии ҳар ду кишвар. Онҳоро муяссар шуд, ки дар бораи оташбас созиш кунанд ва ба музокироти сулҳ гузаранд.
Аммо созиш чанд дақиқа давом кард: задухӯрдҳо бо қувваи нав авҷ гирифтанд, илова бар ин онҳо ба маҳалҳои аҳолинишин паҳн шуданд.
Ҷонибҳо ҳамдигарро ба вайрон кардани уҳдадориҳои ин кишварҳо айбдор мекунанд. Вазорати хориҷаи Русия ва СПАД аз ҳар ду кишвар даъват кард, ки ақидаи худро тағйир дода, аз даргириҳо ба дипломатия гузаранд, аммо ақли солим гум шуд, даргириҳо идома пайдо карданд.
Дар Самарқанд мулоқоти расмии сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов шахсан баргузор шуд.
Пас аз чанд вақт онҳо дар бораи созиши ҳосилшуда дар мавриди оташбас ва хуруҷи нерӯҳо аз минтақаи низоъ изҳороти муштарак доданд. Чунин ба назар мерасад, ки ҳама чиз, сулҳ баста шудааст, аммо... задухӯрдҳо бо ҳамон тарзи ваҳшиёна идома карданд.
"Оё шумо тасаввур карда метавонед, ки барангезандагони низоъ, новобаста аз он ки онҳо аз кадом тарафанд, агар ба фармондеҳони худ беэътиноӣ кунанд, бояд дар кадом сатҳ бошанд? Фақат як хулоса ҳаст - фармони оғоз аз мақоми болоӣ будааст", — бовар дорад Боранбоев.
Дар чунин мавридҳо эвфемизми "қувваҳои беруна" истифода мешавад. Пушти он кӣ истодааст, ба ҳама маълум аст. Бесабаб нест, ки тамоми ин фоҷиа дар арафаи нишасти СҲШ, созмоне, ки ба таври динамикӣ инкишоф меёбад ва Ғарбро, ки аз ташкили Шарқи коллективӣ сахт метарсад, ба ташвиш овардааст.
Дар ин роҳ майли бадном кардани СПАД — устухоне дар гулӯи Пентагон пайдо мешавад.
Барои рафъи ихтилофоти миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзӣ чӣ бояд кард? Таҳлилгар ба мақомоти ҳар ду кишвар тавсия медиҳад, ки бо ҳақиқат рӯ ба рӯ ва иқрор шаванд, ки онҳо наметавонанд ин масъаларо мустақилона ҳал намоянд.
Маскав кайҳо боз миёнаравии худро дар ҳалли мушкилоти делимитатсия ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳод карда буд.
Дар бойгонии Вазорати корҳои хориҷии Русия тамоми ҳуҷҷатҳои зарурии солҳои гузашта нигоҳ дошта мешаванд, ки дар он аломатгузории сарҳад хеле дақиқ қайд карда шудааст. Дар ҳамин ҳол хулоса ин аст, ки контингенти посдори сулҳ аз ҷумлаи воҳидҳои 201-уми Русия бояд дар қаламравҳои баҳсбарангез ҷойгир карда шаванд.
Ду ҳолат ба зарурати чунин иқдом шаҳодат медиҳад: касе аз ақлҳои солим бо низомиёни Русия тамос намегирад, инчунин таҷрибае, ки дивизия дар солҳои муқовимати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон андӯхтааст, хусусиятҳои маҳаллӣ ба онҳо маълуманд.
Бо вуҷуди ин як варианти дигар вуҷуд дорад: таҷрибаи урупоӣ - туркӣ. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ниқоби сулҳҷӯёнаи сайёраро бар рӯй кашидааст.
Ӯ ваъда медиҳад, ки Маскавро бо Киев ва Бокуро бо Ереван оштӣ медиҳад, ҳоло ба Душанбеву Бишкек хидмат мерасонад.
"Эрдуғон мекӯшад, ки вазни сиёсии худро ҳадди аксар афзоиш диҳад - аз минтақа то миқёси ҷаҳонӣ, аз ин рӯ ҳамаи ин гуна "ташаббус"-ҳоро ӯ ба намоиш мегузорад. Дар воқеъ, ҳодисаҳои мусаллаҳона барои ӯ фоидаоваранд, агар онҳо намебуданд, “Байрактар”-ҳои худро бо кӣ мефурӯхт?", — бовар дорад Эркин Боранбоев.
Аҷиб аст, ки толибон дар муҳокимаи ҳодиса саҳм гузоштанд. Сухангӯи Вазорати хориҷаи Афғонистон хостори ҳалли мусолиматомези баҳсҳои марзӣ тавассути музокирот шуд.
Абдулқаҳҳори Балхӣ дар ин роҳ изҳори таассуф кард, ки чунин бархӯрди мусаллаҳона ба суботу амнияти минтақа таъсири манфӣ мерасонад. Беихтиёр як зарбулмасал ёдам меояд: "Бепоҷома поҷомакандаро механдад".
Аммо воқеият боқӣ мондааст. Агар Душанбе ва Бишкек худашон тавони рафъи мушкилоти худро пайдо накунанд, пас бо эҳтимоли зиёд даргирии навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон метавонад ба ҷанги комил мубаддал шавад, ки шумораи қурбониёни онҳо бешумор хоҳад буд.

Сарчашма:​Sputnik​​​



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.