расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Оташбас ҳатман бояд риоя шавад. Вохӯрии навбатии Ятимов ва Тошиев

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҳаводис

Оташбас ҳатман бояд риоя шавад. Вохӯрии навбатии Ятимов ва Тошиев


Шоми 19 сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" мулоқоти Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев баргузор гардид.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар музокирот раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири корҳои дохилии мамлакат Рамазон Раҳимзода, фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд, раиси вилояти Ботканд Абдукарим Алимбаев ва сохторҳои низомии Қирғизистон иштирок доштанд.
Қобили зикр аст, ки пас аз мулоқот чор сарбози қирғизе, ки дар ҷараёни таҷовузи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон асир афтода буданд, ба ҷониби Қирғизистон баргардонида шуданд.
Гуфта мешавад, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини субот дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ карда, барои риояи ҳатмиии оташбас таъкид намуданд.
“Бояд масъалаи таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи хоса қарор дода шуда, минбаъд мушкилоти мавҷуда бо роҳи гуфтушунид ҳал гардад”, - таъкид шуд зимни мулоқот.
Зикр мегардад, ки аз ҷониби раисони КДАМ-и ду кишвар ҳамзамон протокол имзо гардид, ки тибқи он қувваҳои низомии иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шуда, амнияти сокинон таъмин карда мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.