расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Гилаи Душанбе: Ҷабборов Тоҷикистонро "душман" хитоб кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис / Ҷаҳон

Гилаи Душанбе: Ҷабборов Тоҷикистонро "душман" хитоб кард

Ҷониби Қирғизистон бо дурӯғпароканию душмантарошӣ карда, азм дорад, дар симои Тоҷикистон "таҷовузкор" тасвир созад.

Ин нуктаро Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот таъкид кардааст. ВУХ Тоҷикистон бо таъкиди он, ки ҷониби Қирғизистон борҳо бо нақзи тамоми меъёрҳо қаламрав, сокинони осоиштаю инфрасохтори мулкиро ҳадафи зарба аз аслиҳаи вазнин қарор додаст, боз азми душмантарошӣ дорад.

Ин ниҳод аз ҷумла зикр кардааст, ки рӯзи 17 сентябр президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборов зимни муроҷиат ба мардумаш дар хитоб ба Тоҷикистон калимаи "душман" - ро кор бурдаст, ки хилофи руҳияи дӯстию ҳамсоядории нек мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки Ҷабборов ахиран дар робита ба даргириҳои марзӣ аз мардонагии сарҳадбононаш тавсиф кард, ки "дар баробари душман истод шуданд".

Вай бо баёни ҳамдардӣ ба пайвандони ҳамватанҳои қурбоншудааш, афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон низ талафоти зиёд додаст. Ҷабборов таъкид намуд, ки талош мекунанд, корҳо барои аломатгузории марзро таҳким бахшанд.

Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр рух дод, ки аз ҳар ду ҷониб даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғози даргирӣ ва шиддати вазъ муттаҳам мекунанд.

Феълан вазъ дар марз нисбатан ором арзёбӣ гардида, музокираи ҷонибҳо идома дорад.


Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.