расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Рашк ё хиёнат: марде дар Душанбе бо 25 зарби корд ҳамсарашро кушт

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Рашк ё хиёнат: марде дар Душанбе бо 25 зарби корд ҳамсарашро кушт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як сокини пойтахтро дастгир кардааст, ки дар куштори ҳамсараш муттаҳам мешавад.

Бино ба гузориши ин ниҳод, дастширшуда К.С 49-сол ва ҳамсараш Р.З, ки 50-сола буд, соҳиби фарзанду наберагон мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи куштор шаби 12 сентябр дар заминаи рашку хиёнат ва якдигарбадбинӣ сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, шавҳар дар дили шаб ҳагоми хоб ба тану гардани ҳамсараш дар умум 25 зарби корд мезанад, ки дар натиҷа ҷабрдида ҳалок мешавад.

Боздоштшуда зимни бозпурсӣ гуфт, ки дар пайи хиёнат ва рашк ба чунин кор даст зад.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомот дастгиршуда, қаблан низ барои қасдар расонидани зарар ба саломатӣ ва авбошӣ солҳои тӯлонӣ зиндонӣ буд, паз аз ба озодӣ баромадан даст ба чунин кор зодааст.

ВУД мегӯяд, алайҳи мавсуф бо моддаи 104 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ин модда "Одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар" ном дошта, аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.


Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.