расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » “Ду ҳафта аз хидматаш монда буд”. Сарбози кушташуда дар тирпаронии дирӯзаро ба хок месупоранд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

“Ду ҳафта аз хидматаш монда буд”. Сарбози кушташуда дар тирпаронии дирӯзаро ба хок месупоранд


Сафаралии Ҳасани 23-сола, як сарбози кушташуда дар пайи тирпаронии дирӯза, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имрӯз, 15-уми сентябр, дар зодгоҳаш, ноҳияи Восеъ ба хок месупоранд.
Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дода, бо такя ба наздикони Сафаралӣ навиштааст, ки  ӯ тирамоҳи соли гузашта ба хизмати ҳарбӣ рафтаву то анҷоми муҳлати хизматаш ду ҳафта боқӣ монда буд.
Яке аз наздиконаш гуфтаанд, ҷасади Сафаралиро имрӯз дар оромгоҳи шаҳраки Восеъ ба хок месупоранд.
Дар бораи ин марзбон ҷузъиёти бештар дода намешавад.
Субҳи имрӯз, 15-уми сентябр, “Азия-Плюс” кӯшиш намуд, ки аз беморхонаҳои марказии шаҳри Исфара ва ҷамоати Ворух дар бораи кушташудаҳо ва вазъи захмиҳо иттилоъ дарёфт кунад, вале мувафақ нашуд.
Ҳамин тариқ, исми сарбози дуввуми кушташуда ва 11 захмӣ маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар чанд минтақаи наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон байни марзбонони ду кишвар тирпаронӣ сурат гирифт. Дар натиҷаи тирпаронӣ, 2 марзбони тоҷик кушта шуда, 11 тани дигар, аз ҷумла 6 сарҳадбон ва 5 сокини маҳаллӣ бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шуданд.
Ҷониби Қирғизистон дар бораи захмӣ шудани 2 сарбоз ва 2 сокини маҳаллӣ  хабар дод.
Муноқиша субҳи 14-уми сентябр, дар назди дидбонгоҳи сарҳадии Кехи шаҳри Исфара шуруъ шуд ва ба дигар гӯшаҳои марз, минтақаҳои Зумраду Чоркӯи Исфара “кӯчид”.
Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон танҳо ҳодисаи якумро тасдиқ намуд ва бо пахши иттилоия гуфт, ки “тақрибан соати 07:15, дар мавзеи наздисарҳадии “Кех”-и ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз ҷониби сарҳадбонони Қирғизистон ба сарҳадбонони тоҷик ҳамла сурат гирифт”.
Ҳамин тариқ, баъди зуҳри дирӯз, 14-уми сентябр, ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон барои ба эътидол овардани марз сари мизи музокирот нишастанд.
Бегоҳии 14-уми сентябр Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, музокироти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба анҷом расид ва “вазъ ором буда, ба ҳолати қаблӣ баргаштааст”.
Номбурда афзуд, ҳамаи қувваҳои иловагии ба марзи ду кишвар интиқолёфта, айни ҳол бароварда шудаанд ва вазъ зери назорат аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.