расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Нархи барқ дар Тоҷикистон боло меравад: Аз кай ва чанд?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт / Ҳаводис

Нархи барқ дар Тоҷикистон боло меравад: Аз кай ва чанд?

Қимати истифодаи барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ ҳудуди 4 дирам боло рафта, 26,51 дирам муқаррар шудааст.

Бар асоси қарори ҳукумат, ки ахиран тасвиб шудааст, нархномаҳои нав аз 1-уми октябри соли ҷорӣ амалӣ мешаванд.

То кунун аҳолӣ барои ҳар киловат соат нерӯ 22,66 дирам пардохт мекарданд, аммо минбаъд 26,51 дирам хоҳанд дод. Ҳамзамон қувваи барқ барои барои корхонаҳои саноатӣ дар нархномаҳои нав 60,65 дирам, корхонаҳои буҷетӣ - 26,51, барои насосҳои обкашӣ дар баҳору тобистон 9,2 дирам ва дар тирамоҳу зимистон 26,51 дирам муқаррар кардааст.

Чун қаблан ин болоравии нархҳо ба корхонаи алюминийи тоҷик, ки қисми зиёди нерӯро истифода мекунад, дахл надорад.

Қаблан Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикисто, зимни суҳбат аз зарурати боло бурдани нархи барқ дар ҷумҳурӣ изҳор дошта буд, ки қимати он аз соли 2019 то ҳол зиёд нашудааст.

Вазир болоравии нархо ба зарурати сармоягузорӣ ба рушди соҳаю фароҳамсозии инфрасохтор рабт дод.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.