расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Тоҷикистон бо кишварҳои СҲШ чӣ гуна молу маҳсулот савдо мекунад ва маблағаш чӣ қадар аст

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

Тоҷикистон бо кишварҳои СҲШ чӣ гуна молу маҳсулот савдо мекунад ва маблағаш чӣ қадар аст


Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар зарфи 7 моҳи соли равон наздики 2,9 млрд долларро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори Тоҷикистон.
Гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистон бо 7 кишвари ин Созмон қариб 70% аз ҳаҷми умумии савдои берунаи Тоҷикистонро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин давра Тоҷикистон бо 101 кишвари саросари дунё муносибатҳои додугирифти молу маҳсулот анҷом додааст.
Бино ба маълумоти оморӣ, муомилоти молӣ бо Русия давоми моҳҳои январ-июли соли равон 908 млн доллар, Қазоқистон - 782 млн, Чин - 766 млн, Ӯзбекистон - 315 млн, Ҳиндустон - 76 млн, Покистон -16 млн ва Қирғизистон - 8,6 млн долларро ташкил медиҳад.
Тавозуни савдо бо шарикон аз СҲШ манфӣ аст: зиёда аз 75% ба воридоти молу маҳсулот аз ин кишварҳо рост омадааст.
Кишварҳои узви Созмон маҳсулоти бештар муҳимро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд: ҳудуди 90%-и маҳсулоти нафтӣ аз Русия, зиёда аз 90%-и гази моеъ аз Қазоқистон оварда шуда, инчунин беш аз 95%-и гандуму орди воридотӣ ба ҷумҳурии мо низ аз Қазоқистон харида мешавад.Кишварҳои узви СҲШ инчунин аз лиҳози сармоягузориҳои андӯхта дар иқтисоди Тоҷикистон бартарият доранд.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, давоми солҳои 2007-2021 вуруди сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон зиёда аз 11 млрд долларро ташкил дод.
Сармоягузориҳо танҳо аз Чин (3,3 млрд доллар), Русия (1,6 млрд доллар) ва Қазоқистон (586 млн доллар) ба 50% аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои хориҷии дар ин давра ҷалбшуда баробар аст (чунин маълумот дар бораи дигар кишварҳои узви СҲШ дастрас нест).
Ёдрас мекунем, ки рӯзи панҷшанбе, 15 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон нишасти дурӯзаи СҲШ доир мегардад, ки дар он бори нахуст тайи се соли ахир сарони кишварҳои он рӯ ба рӯ бо ҳам гуфтугӯ мекунанд. Ҳамаи сарони кишварҳои Созмон иштироки худро дар нишаст тасдиқ карданд.
Айни замон давлатҳои зерин узви СҲШ мебошанд: Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон. Кишварҳои нозир - Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон, кишварҳои шарик - Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.