расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳамлаи саги дайду ба 16 нафар сокини Кӯлоб

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Ҳамлаи саги дайду ба 16 нафар сокини Кӯлоб


Як саги дайду ва эҳтимолан ҳорӣ ба 16 нафар сокини шаҳри Кӯлоб ҳамла карда, ба онҳо осеб расонидааст. Дар ин бора аз Маркази санитарию эпидимиологии вилояти Хатлон хабар дода, таъкид намуданд, ки ин ҳодиса дирӯз, 12 – уми сентябр, рух додааст.
“Дар аввал 3 - 4 нафар ба беморхона бо ҷароҳатҳои гуногун муроҷиат карданд. Баъдан, аз ҳисоби мутахассисони Маркази санитарию эпидимиологии вилоят дар минтақаи Кӯлоб ва табибон гуруҳи махсус таъсис ва ҳамаи 16 нафар зарардидагон ба беморхона оварда шуданд”, - гуфт манбаъ аз Маркази санитарию эпидимиологии вилояти Хатлон.
Бино бар иттилои манбаъ, ба ҳамаи захмиён кумаки аввалияи тиббӣ расонида, ваксинаи зиддӣ бемории ҳорӣ гузаронида шуд. Айни ҳол вазъи саломатии ҳамаи зарардидагон муътадил арзёбӣ мешавад.
Ҳамчунин, саги дайду безарар ва барои ташхис ба шуъбаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар минтақаи Кӯлоб фиристода шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.