расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Оғози мурофиа. Мудири маориф барои ирсоли видео ба ҲНИТ* гумонбар аст

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷомеа

Оғози мурофиа. Мудири маориф барои ирсоли видео ба ҲНИТ* гумонбар аст

 
Мурофиаи додгоҳии собиқ мудири маорифи ноҳияи Панҷ Мавлуда Боймуродзода, ки барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати ислом айбдор мешавад, оғоз ёфтааст. Дар ин бора аз Суди вилояти Хатлон хабар доданд.
Бино бар иттилои манбаъ, мурофиаи судӣ таҳти раисии судияи Суди вилояти Хатлон Аҳлиддин Назарзода ҷараён дорад.
Мавлуда Боймуродзода бо моддаи 307 қисми 2 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм) ва 346 (Дидаю дониста расонидани  хабари бардурўғ) Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста мешавад.
Ҳамроҳ бо Мавлуда Боймуродзода, ҳамчунин, Абдураҳмон Изатуллозода, навобардор - ҳамкори ТВ “Ҷаҳонамо” дар ноҳияи Панҷ, Ҷалол Зоидов, собиқ корманди идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ва як шаҳрванди дигар Мамед Шералиев низ дар курсии айбдорӣ нишастаанд.
Ба гуфтаи як манбаъи огоҳ аз раванди парванда, ин нафарон барои ирсоли наворҳои чорабиниҳои ноҳия ба намояндаҳои ҲНИТ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст, айбдор мегарданд.
Аз Суди вилоят гуфтанд, ки судшавандаҳо қисман худро гунаҳгор меҳисобанд, аммо маълумоти дақиқ ироа накарданд.
Дар ҳамин ҳол, Нурулло Маҷидов, адвокати Мавлуда Боймуродзода дар як суҳбати телефонӣ гуфт, ки зерҳимояаш худро гунаҳгор намеҳисобад.
*Дар Тоҷикистонгурӯҳитеррористӣэътирофшудааст

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.