расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Рӯдакӣ дар Боку ва Ганҷавӣ дар Душанбе

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Рӯдакӣ дар Боку ва Ганҷавӣ дар Душанбе


Муҷассамаи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, асосгузори адабиёти тоҷику форс дар шаҳри Бокуи Озорбойҷон ва пайкараи Низомии Ганҷавӣ, шоир ва мутафаккири тоҷику форси аҳли Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе гузошта мешавад. Дар ин бораи сомонаи расмии ММ МО иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ин тасмим зимни дидори Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соҳиба Ғафорова, раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки 12 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, гирифта шуд.
Дар ҳамин ҳол, макон ва замони дақиқи гузоштани пайкараи шоирони классик гуфта намедавад.
Таъкид мегардад, ки зимни ин мулоқот ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории байнипарламентӣ, тақвияти робитаҳои дуҷониба дар самти қонунгузорӣ ва дигар масоили мавриди назарро баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯдакӣ нахустин шоири машҳури форсисаро дар давраи Сомониён ва ҳамин тавр, асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс ба ҳисоб меравад. Муҷассаи ӯ дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва чандин кишварҳои дигар гузошта шудааст.
Низомии Ганҷавӣ ҳам аз шоирони маъруфи классики тоҷику форс аст, ки дар қаламрави Озорбойҷони имрӯза таваллуд ва дар шаҳри Ганҷа дафн карда шудааст. Ӯ тамоми осори хешро бо забони форсӣ навишта, гуфта мешавад, ки бо забони турки ҳеҷ чиз наофаридааст.
Дар Озарбойҷон аз Низомии Ганҷавӣ ба ҳайси шоири миллӣ қадрдонӣ мешавад ва бар замми гузоштани муҷассамаҳои ӯ, ҳамчунин дар пули миллӣ ҳам сурати ӯ ҷой дода шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.