расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро бо ҷашни 31-солагии истиқлоли давлатӣ табрик гуфт

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро бо ҷашни 31-солагии истиқлоли давлатӣ табрик гуфт


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон мардуми кишвар ва кулли ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати 31-солагии истиқлоли давлатӣ табрик гуфт.
Сарвари давлат дар Паёми шодбошии худ гуфт, истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздик гардонид.
“Мардуми шарафманди мо, ки роҳи беш аз се даҳсолаи пур аз монеаву мушкилот, вале пурифтихори таърихиро сарбаландона тай кардаанд, хуб медонанд, ки аз давраи бисёр вазнини хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор сохтани рукнҳои давлатдорӣ ва сохторҳои фалаҷшудаву аз фаъолият бозмондаи давлатӣ то расидан ба мақому ҷойгоҳи имрӯзаи давлати тоҷикон чӣ заҳмати бузургеро талаб менамуд”, - ёдовар мешавад Э. Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, “истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда ва бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд”.
Ӯ “аз вартаи нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва таъмин намудани сулҳу оромӣ ва ваҳдати милли”-ро муҳимтарин дастоварди се даҳсолаи гузаронидаи кишвар муаррифӣ кард.
Сарвари давлат гуфт,  “бисёр муҳим аст, ки мо қадру қимати давлати соҳибистиқлоламонро донем ва фаромӯш насозем, ки танҳо бо доштани давлати мустақил дар ҷомеаи башарӣ мавқеи сазовор дошта метавонем”.
“Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои буҳронӣ ва равандҳои гуногуни байналмилалӣ, рушди бомароми мамлакат таъмин гардид. Имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломативу дӯстона дорад ва узви комилҳуқуқи 57 созмони байналмилаливу минтақавӣ мебошад”, – таъкид кард сарвари давлат.
Гуфта мешавад, “дар вазъияти печидаву ноороми ҷаҳони муосир ҳар як шаҳрванди огоҳи Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки аз баракати истиқлолу соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мо ба чӣ неъмати бузурге муяссар шудаем”.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кард, ки ҳоло Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди низоми давлатдории интихобкардаи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ин паёми шодбошиаш ба сокинони мамлакат хушбахтӣ, рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракат ва ба Тоҷикистон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии ҷовидона орзу намуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.