расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Қадрдонии варзишгарони тоҷик барои медалгирӣ дар Қуния

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Варзиш

Қадрдонии варзишгарони тоҷик барои медалгирӣ дар Қуния

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба медалдорҳои Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз 5 то 7 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дод.

Тибқи иттилои ин ниҳод, барандагони медали нуқраи 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ бо 7000 сомонӣ, барандагони медалҳои биринҷӣ бо 5000 сомонӣ, мураббиёнашон бо 3000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Зикр шуд, ки дар 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки 9-18 август дар шаҳри Қуния Туркия баргузор шуд, ҳайати олимпии Тоҷикистон 8 медал гирифт. Аз ҷумла варзишгарони тоҷик 3 медали нуқра, 5 биринҷӣ ба даст овард.

Медалҳои нуқраро Илдар Аҳмадиев дар варзиши сабук (ҷаҳиш ба дарозӣ), Комроншоҳ Устопириён дар ҷудо (-90кг), Екатерина Ишенко дар пара-тенниси рӯи миз соҳиб шуданд.

Медалҳои биринҷиро гуштинигирон Асламҷон Азизов (юнонӣ-римӣ, -55кг), Фирӯз Мирзораҷабов (юнонӣ-римӣ, -63кг), ҷудочиён Шодмон Ризоев (-81кг), Абубакри Акобир (-100кг) ва тими ҷудои кишвар дар рақоабтҳои даставӣ сарфароз шуданд.

Дар баробари ин Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба чемпиони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон Эмомалӣ Нуралӣ бо 10 ҳазор сомонӣ ва ба мураббиаш Фаррух Собиров 5000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим кардаст.

Инчунин, ба Эмомалӣ Нуралӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумат унвони "Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Тоҷикистон" дода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Эмомалӣ Нуралӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон, ки 10-13 августи соли равон дар Гуаякили Эквадор доир шуд, дар вазни -66кг ба гирифтани медали тилло даст ёфт.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.