расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Маҳдудияти ҳаракат дар кӯчаҳои Душанбе

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Маҳдудияти ҳаракат дар кӯчаҳои Душанбе

Ба хотири таҷлили 31-умин солагарди истиқлоли Тоҷикистон бархе аз кӯчаву хиёбонҳои пойтахт баста мешаванд, иттилоъ додааст шаҳрдории Душанбе.

“Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе расонида мешавад, ки 7-8 сентябри соли равон аз соати 17:00 то 22:00 ҳаракати нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ ва С.Носири пойтахт маҳдуд мегардад”, - қайд кардааст шаҳрдорӣ.

Гуфта шудааст, ки маҳдудияти воситаи нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ба истиқболи 31-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, ки 8 сентябр бахшида ба он барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мегарданд, ҷорӣ карда мешавад.

Инчунин таъкид шудааст, ки дар ин давра воридшавии воситаҳои нақлиёт аз дигар минтақаҳо ба шаҳри Душанбе маҳдуд карда мешавад.

Раёсати БДА ВКД кишвар аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои баргузории чорабинии мазкур аз истифодаи мошинҳои шахсӣ худдорӣ намуда, аз воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.