расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Раҳмон ва Путин дар Тоҷикистон 5 мактаби русиро боз карданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Раҳмон ва Путин дар Тоҷикистон 5 мактаби русиро боз карданд


Сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин рӯзи 1 сентябр ба таври маҷозӣ (алоқаи видеоӣ) ба фаъолияти 5 мактаби таҳсилашон бо забони русӣ дар Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд. Намоиши маросим дар медиаплатформаи “Смотрим” намоиш дода шуд.
Президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон барои таҳкими ҷойгоҳи забони русӣ дар ҷумҳурӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
“Амалисозии ин иқдомҳои муҳим бе таваҷҷуҳи роҳбарияти Тоҷикистон, аз ҷониби президент ғайриимкон буд. Барои ин ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмон, ба ҳамаи дӯстону ҳамкорони тоҷикамон миннатдории самимӣ баён намуда, бахусус ба онҳо барои кумаку дастгирӣ дар ҳифзу таҳкими мавқеъи забони русӣ дар Тоҷикистон ташаккур мегӯям”, - гуфт Путин дар маросими ифтитоҳи мактабҳо, ки тариқи алоқаи видео-конфронс баргузор шуд", - таъкид дошт президенти Русия.Президенти Русия ба хонандагони мактабҳои нав комёбиҳо дар таҳсил, амалисозии орзуҳо ва кашфиёти нав таманно кард.
Дар навбати худ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маросим зикр кард, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон ба забони русӣ мақоми забони муоширати байни миллатҳо дода шудааст.
“Ду сол қабл дар доираи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ тасмим гирифта шуда буд, ки соли 2023 Соли забони русӣ эълон гардад. Дар ин замина, мо ба мувофиқа расидем, ки барои дастгирӣ ва инкишофи забони русӣ дар кишварҳои Иттиҳод, аз ҷумла дар Тоҷикистон чораҳои иловагӣ андешида шаванд. Дар маҷмӯъ, мехоҳам зикр намоям, ки Точикистон ба инкишофи минбаъдаи тамоми маҷмӯи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ бо Русия манфиатдор мебошад. Дар робита ба ин, Ҳукумати Тоҷикистон мақсад дорад, ки барои тавсеаи ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва тадқиқотии ду кишвар, аз ҷумла дар самти омода кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ чораҳои зарурӣ андешад”, - иброз дошт ӯ.Ӯ изҳори итминон кард, ки падарону модарон ва худи хонандагон аз чунин туҳфа дар Рӯзи дониш, ки дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон таҷлил мегардад, самимона шоданд.
Ёдрас мекунем, ки мактабҳо бар асоси ҳамкорӣ байни ҳукуматҳои ду кишвар бунёд гардида, Русия барои сохтмони ин муассисаҳои таълимӣ 150 млн доллар маблағ ҷудо кард.
Ба мактабҳо номи қаҳрамонҳо ва ходимони фарҳанги Русия гузошта шудаанд. Мактаб дар Душанбе ба ифтихори аввалин кайҳоннавард Юрий Гагарин, Бохтар - олим  М.В.Ломоносов, Хуҷанд - адиб А.П.Чехов, шаҳри Турсунзода - олими рус Дмитрий Менделеев ва Кӯлоб - олими соҳаи маорифи Русия К.Д.Ушинский номгузорӣ шудаанд.
Таҳсил дар мактабҳо ба меъёрҳои федералии давлатии таълими Русия мутобиқ хоҳад буд. Ҷадвали ҷараёни хониш ба мактабҳои Тоҷикистон монанд буда, лекин аз лиҳози шумори ҳафтаҳои таҳсил тағйирот ҷой дошта метавонад.
Мактабҳо бо воситаҳои муосири таҳсил муҷаҳҳазанд. Таълим бо забони русӣ сурат мегирад. Ба номгӯи фанҳо инчунин фанҳои дорои ҷанбаи миллӣ - омӯзиши забони давлатии Тоҷикистон, таърихи халқи тоҷик ва ҷуғрофияи кишвар низ дохил карда шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.