расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳифзи маълумоти махфӣ дар Тоҷикистон пурзӯртар мешавад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Ҳифзи маълумоти махфӣ дар Тоҷикистон пурзӯртар мешавад


Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки Барномаи давлатии пурзӯр намудани ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шавад.
Қарори марбутаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин хусус дар портали иттилоти ҳуқуқии Вазорати адлия рӯзи 30 август ба нашр расид.
Дар қарор дастур дода шудааст, ки Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи мазкур тасдиқ карда шавад. Барои ин чорабиниҳо то соли 2026 ба сурати умум ҷудо гардидани ҳудуди 15,6 млн сомонӣ (1,5 млн доллар) маблағ пешбинӣ шудааст. Ин маблағҳо аз Буҷети давлатӣ ва “дигар сарчашмаҳо” ҷудо карда мешаванд.Ҳадафи аслии таҳияи барномаи мазкур тақвияти фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи маълумоти махфӣ ва маълумот бо дастрасии маҳдуд тариқи шабакаҳои техникӣ унвон мешавад.
Таҳияи Барнома бо он асоснок карда мешавад, ки дар шароити имрӯза ба таври бояду шояд роҳандозӣ намудани ҳуҷҷатгузорӣ, ки аз сирри давлатӣ иборат аст, аҳаммияти хосса пайдо намуда, дар таъмини амнияти миллӣ нақши калидӣ иҷро мекунанд.
Дар санад гуфта мешавад, истифодаи васеи технологияҳои муосир дар фаъолияти аксарияти соҳаҳои давлатӣ ҷараёни дастрасии кишварҳои хориҷиро ба маълумоти махфӣ осон кардааст.
Зикр мегардад, ки ҷонибҳои манфиатдор барои расидан ба ҳадафҳои худ дар дастрасӣ ба иттилооти махфӣ мунтазам имконоти низомҳои худ ва комплексҳои дорои вазифаҳои бисёри худро беҳтар мекунанд.
“Дар ин робита таҳия ва ҷорисозии низомҳои нави иктишоф (разведка), такмили восита ва тарзу усулҳои ҷамъоварии маълумот ва коркарди автоматии он, тайёр кардани таҳлилгарон ва дигар мутахассисони баландихтисос ҷараён дорад”, - таъкид месозанд муаллифони Барнома.
Таҳиягарони санад инчунин таъкид мекунанд, ки шумори мақомоти дорои реҷаи кори махфӣ дар ҷумҳурӣ ба зиёда аз ҳазор адад расида, сол то сол тамоили афзоиши онҳо ва мутаносибан, хавфи дастрасӣ пайдо кардан ба маълумоти дорои сирри давлатӣ зиёд мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.