расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Қатли Муҳаммад Осимӣ зарбаи сахте ба раванди ташаккули миллати тоҷик буд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Қатли Муҳаммад Осимӣ зарбаи сахте ба раванди ташаккули миллати тоҷик буд

Дар маълумотномаҳо санаи таваллуди академик Муҳаммад Осимӣ 25 август ва 1 сентябри 1920 зикр гардидааст. Ин навишта ба ифтихори зодрӯзи хуҷастаи эшон пешниҳод мешавад. Ёди азизашон гиромӣ бод!
Устоди Университети давлатии Тоҷикистон будам. Рӯзе ба ман гуфтанд, ки маро Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ даъват кардаанд ва бояд ба наздашон равам. Ба андешаи он афтодам, ки сабаби даъвати мисли мани устоди қатории Донишгоҳ аз тарафи чунин шахсияти намоёни давлатӣ ва сарвари олимони ҷумҳурӣ чӣ бошад. Тахмин менамудам, ки шояд супорише доданиянд. Дар рӯз ва соати муқарраршуда ба ҷои корашон рафтам.
Он кас аввал аз зиндагӣ ва кору борам пурсиданд ва баъд таваҷҷӯҳи бештар ба мавзӯи таҳқиқи илмиам дар бораи Арасту ва назариёти адабии форсии тоҷикӣ карданд. Аз суҳбаташон маълум буд, ки аз мақолаҳои камина, ки дар маҷалла ва маҷмӯаҳои илмӣ чоп шуда буданд, бохабаранд ва онҳоро мутолиа намудаанд. Устод Осимӣ аз ҷумла аз мақолаҳои “Ибни Сино ва масъалаҳои робитаи афкори адабии Шарқу Ғарб” (1980), “Поэтика” Аристотеля и арабоязычная мысль: общее и особенное” (1981), “Логические и риторические аспекты теории поэзии у восточных перипатетиков” (1982) ва “Методологические аспекты сравнительно-типологического изучения художественной мысли Востока и Запада” (1983) ёд оварданд ва маро ба идомаи таҳқиқ дар ин замина тарғиб карданд ва зимнан ишора ба он ҳам намуданд, ки фаъолиятҳои илмии  маро дастгирӣ хоҳанд кард.
Бароям натиҷаи ин вохӯрӣ ва суҳбатҳое, ки бо устод Осимӣ доштем, ғайримунтазира буд. Ва дар бораи он фикр кардам, ки сабаби бо ҳама масруфияти хеш ва гирифториҳои идориаш ба сифати Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба таҳқиқоти банда таваҷҷӯҳ намудани ӯ дар чӣ бошад. Нахустин чизе, ки ба сарам зад, ин буд, ки вай ҳамчун донишманди номии фалсафа таваҷҷӯҳи беандозае ба таърихи фалсафаи форсии тоҷикӣ, хосса осори файласуфоне чун Форобӣ, Ибни Сино ва Хоҷа Насируддуни Тӯсӣ дошт, аз ин сабаб мутолиа ва пайгирии ҳамаи таълифоте, ки дар ин замин анҷом шудаанд ва хоҳанд шуд, як чизи табиӣ бояд бошад. Ҳамчунин шунида будам, ки устод Осимӣ чанд нафар ҷавонони болаёқатро аз таълимгоҳҳои саросари кишвар пайдо намуда, дар тарбия ва ҷалбу ҷазби онҳо ба илм саҳм гирифтаанд. Яке аз онҳо  математики номии тоҷик раҳматӣ Камолиддин Бойматов буд ва ман бо вай дар Донишгоҳи Маскав дар яке аз ҷамъомадҳои ҳамватанони тоҷикистониамон ошно шуда будам. Аммо ба гумонам ваҷҳи асосии таваҷҷӯҳи ӯ ба фаъолиятҳои илмии донишмандони ҷавони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ он буд, ки рисолати худро ҳамчун Президенти Академияи фанҳо, пеш аз ҳама, дар он медид, ки дар ғами рушди илми тоҷик дар дурнамо бошад.
Вохӯрии дуюми рӯбарӯи мо дар Афғонистон дар маҳаллаи Вазир Акбархони шаҳри Кобул солҳое, ки камина устоди эъзомии Пуҳантуни Кобул будам (1985-1987), иттифоқ афтод. Академик Муҳаммад Осимӣ мушовири Президенти Академияи улуми Афғонистон буданд ва ба Кобул ташриф оварданд ва ман дар ҷамъи устодони тоҷикистонии Пуҳантун  ба зиёраташон рафта будам.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.