расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ифтитоҳи чанд муассисаи таълимӣ дар Душанбе бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Ифтитоҳи чанд муассисаи таълимӣ дар Душанбе бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ

Се муассисаи таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе дар кушодашавии чанде аз муассисаҳои таълимӣ дар пойтахти кишвар ширкат карданд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 бо маблағгузории шаҳрдории Душанбе, барои 1500 хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Гуфта мешавад, дар ноҳияи Шоҳмансур бинои иловагии МТМУ рақами 48, бо иқдоми шаҳрдории пойтахт, барои 1280 хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд.
Ҳамчунин дар ноҳияи Синои пойтахт бо иштироки сарвари давлат ва шаҳрдори пойтахт “Литсейи Умари Хайём” мавриди истифода қарор гирифт, ки бо иқдоми шаҳрдории Душанбе барои 1200 нафар хонанда дар як баст бунёд гардидааст.



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.