расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Размикори ММА Нурулло Алиев метавонад аввалин тоҷик дар UFC шавад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Варзиш

Размикори ММА Нурулло Алиев метавонад аввалин тоҷик дар UFC шавад


Размикори муҳорибаҳои омехта Нурулло Алиев аввалин намояндаи Тоҷикистон дар Лигаи UFC шуда метавонад. Дар ин бора дар саҳифааш дар Instagram худи размикор хабар дод.
“20 сентябр иншоаалоҳ дар UFC размикори мо ҳам пайдо мешавад”,- навиштааст вай. Дар идома размикори тоҷик, ки ӯро “Уқоби тоҷик” низ мегӯянд, ба президенти амалкунандаи Ultimate Fighting Championship (UFC) Дана Уайт изҳори миннатдорӣ кардааст: “Дана ташаккур, ки ба ваъдаатон вафо карда, ба ман ҷиҳати рақобат барои қарордод бо UFC имкон додед”.
Нурулло Алиев соли 2000-ум дар Душанбе таваллуд шуда, соли 2001 размикори промоушени Fight Nights Global буд. Нурулло инчунин аввалин размикори тоҷик аст, ки бо яке аз ширкатҳои бузурги менеҷерӣ лар соҳаи МАА - First Round Management қарордод баст.
Машқҳои худро ӯ дар Русия гузаронида, дар толори Evolve Gym- Маскав тамрин мекунад. Машқҳои гӯштини тарзи озодро таҳти раҳбарии Магомед Гусейнов ӯ дар Доғистон мегузаронад.
Таҳти сарварии мураббии маъруф Аюдурозиқ Олимов дар Душанбе ӯ дар сексияи гӯштини тарзи озод машқ мекард. Дар муддати 6 соли машқҳо оид ба гӯштини тарзи озод ӯ чандин бор дар мусобиқаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ғолиб омада, ҳатто ҷоизадори мусобиқаҳои Осиё шуд. Ба унвони устоди варзиши гӯштини тарзи озоди Тоҷикистон соҳиб шуд.
Дар як еаз барномаҳои шоуи YouTube Нурулло ҳикоят кард, ки ӯро бисёр вақт бо Ҳабиб Нурмагомедов монанд мекунанд. Боре пас аз қувваозмоие ҳангоми парвоз ҳамаи ҳайати сарнишинони ҳавопаймо ӯро Ҳабиб пиндошта, автограф хостанд.
Соли 2017 Нурулло дар Сочи қарамони панкратион шуд. Ҳамон сол ӯ дар World Youth MMA Championships дар вазни миёна зинаи аввалро ишғол намуд.
Соли 2018 ба тамринҳо дар клуби «Ахмат Таджикистан» зери раҳбарии Раҷабалӣ Баёнов оғоз намуд. Сипас дар якчанд мусобиқаҳо оид ба муҳориабҳои гуногуни тан ба тан, аз ҷумла ММА низ ғолиб омад.
Дар доираи мусобиқа ба хотираи Абдулманап Нурмагомедов, ки 17 сентябри соли 2021 доир гардид, бо намояндаи Русия Кирилл Крюков вохӯрда, қувваозмоӣ бо қарори якдилонаи доварон ба фоидаи Нурулло анҷом пазируфт.
Соли 2021 ӯ назди худ ҳадаф гузошт, ки барои иштирок дар пурнуфузтарин лигаи UFC талош меварзад.
Охири моҳи сентябр ҷадвали рақобатҳо ва бо киҳо қувваозмоӣ кардани ӯ маълум мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.