расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Тошканд: Боздошти 7 афғонистонӣ бо шиносномаи қалбакии Британия

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Тошканд: Боздошти 7 афғонистонӣ бо шиносномаи қалбакии Британия


Дар Фурудгоҳи шаҳри Тошканд 7 нафар шаҳвандони Афғонистон, ки мехостанд бо шиносномаи қалбакии Британияи Кабир ба Лондон парвоз намоянд, боздошт шуданд. Дар ин маврид сомонаи “kun.uz” бо такя ба иттилои Департаменти таъмини амният дар иншооти нақлиётӣ ва туризми ВКД Ӯзбекистон хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, 5 августи соли ҷорӣ ҳангоми тафтиши шиносномаи мусофирони хатсайри Тошканд – Лондон 7 нафар шаҳвандони Афғонистон, ки шиносномаи Британияи Кабирро пешниҳод кардаанд, боздошт шуданд.
Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шудааст, ки нафарони боздоштгардида шиносномаҳои қалбакиро дар ҳудуди Тоҷикистон ғайриқонунӣ дастрас кардаанд. Дар хабар мушаххасан гуфта намешавад, ки ин шаҳрвандони Афғонистон чӣ гуна ва дар чӣ шароит шиносномаҳои қалбакиро дар Тоқикистон дастрас намудаанд.
Нисбати онҳо дар асоси моддаи 223 (Хуруҷи ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар ё вуруди ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ва 228 (Омода кардан, сохтакории ҳуҷҷат, штамп, мӯҳр, бланка, фурӯш ё истифодаи он) Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.