расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Зоҳири Ағбар: Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба замон эҳтиёҷ дорад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Зоҳири Ағбар: Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба замон эҳтиёҷ дорад


15 август аз суқути ҳукумати ҷумҳурият дар Афғонистон ва ишғоли иш кишвар аз сӯйи Толибон* як сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат ҳукуматеро, ки Толибон* ташкил доданд, ҳеҷ як давлат ба расмият нашинохт ва машруъияти онҳоро эътироф накард. Чеҳраҳои саршиноси арсаи сиёсати 20-соли охири Афғонистон ба хориҷ фирор карданд ва аз ташкили Ҷабҳаву Шӯрои муқофиват дарак доданд. Дар умум, вазъи Афғонистон то кунун норӯшан боқӣ мемонад.
- Ҷаноби сафир, 15 август аз суқути ҳукумати ҷумҳурият дар Афғонистон як сол сипарӣ гардид. Як соли роҳбарии Толибон* бар қудрат дар Афғонистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
-Афғонистон тӯли як соли охир зиндони хонагӣ барои мардуми ин кишвар буд. Толибон* афкори созанда надоранд. Онҳо на ҷумуҳурият, на аморат, на шоҳӣ ва на шоҳии машрута, балки танҳо як гурӯҳи ёғӣ ҳастанд. Гурӯҳе, ки дасташон ба қочоқи маводи мухаддир аст, занҳоро инсон намешуморанд, инсонҳои таҳсилкардаро қабул надоранд ва аз дин ҳам чизе намефаҳманд. Онҳо имрӯз Афғонистонро ба гаравгон гирифтаанд ва вазъияти бади амниятӣ дар дохили кишвар барои Толибон* муносиб аст, аммо барои миллат ин бад аст. Тоҷир наметавонад тиҷорат кунад, духтар мактаб рафта наметавонад, хонум кор карда наметавонад, мардум фирор мекунанд, риш болои мардум ба зӯр аст.
Толибон* ҷуз ҷанг чизи дигареро ёд надоранд. Дар байни онҳо як мутахассис нест. Онҳо мехоҳанд, ки ақоиди худро сари дигарон  таҳмил диҳанд ва имрӯз омодаи музокира ва ҳарф нестанд. Онҳо фикр мекунанд, ки Афғонистонро фатҳ карданд ва метавонанд, хостаҳои худ ва шарикони террористии худро дар  ин минтақа ҳам татбиқ созанд.
Толибон* ба терористон ва мухолифини давлатҳои минтақа паём равон мекунанд, ки бедор шавед. Дар чунин вазъ бедории миллатҳо, бахусус ҳамсояҳо зарур аст. Агар Толибон* дасти боло пайдо кунанд вазъи минтақа ҳам ноамн хоҳад шуд.
- Аз минтақа ёдовар шудед, бояд зикр кард, ки бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ талош доранд то бо Толибон* робитаи хуб дошта бошанд. Оё ин кадом як хатареро эъҷод мекунад?
-Моҳи гузашта Ӯзбекистон як конфронсро дар кишвари худ гузаронид ва Мутаққӣ як ҳафта дар ин кишвар меҳмон буд. Писари Юлдош, яке аз мухолифини Ӯзбекистон, бо дастаи худ дар Афғонистон аст. Ӯзбекистон фикр мекунад, ки Толибон* мухолифини ин кишварро халъи силоҳ карда метавонанд ва дастонашонро баста ба онҳо месупорад. Аммо ин хаёли хом аст, ин гурӯҳҳои террористӣ, ки аз кишварҳои мухталиф дар Афғонистон ҷамъ шудаанд, ба як қуввату иқтидор табдил ёфтаанд ва ҳарфи роҳбарони Толибон* ба онҳо намегузарад.
Ин гурӯҳҳо ба сӯйи кишварҳои ҳамсоя мушак мепартоянд ва гуфтан мехоҳанд, ки ин гурӯҳҳои сиёсие, ки бо шумо гап мезананд, бисёр муҳим нестанд, инҷо мо - қумандонҳо ҳастем, ки ҳарф мезанем. Аз ин хотир, кишварҳои минтақаро зарур аст, ки бо Толибон* бисёр эҳтиёткор бошанд. Агар  бо онҳо сатҳӣ бархӯрд шавад, иштибоҳ аст.
Бубинед, роҳбари “Ал-Қоида”* Айман Завоҳирӣ дар маркази Кобул кушта шуд. Дар ҳоле, ки Толибон* ваъда дода буданд, террористон аз хоки ин кишвар истифода нахоҳанд кард. Яъне ин гурӯҳ ҳеҷ гоҳ ба аҳди худ пойбанд набуд ва нахоҳад буд. Аз ин лиҳоз, кишварҳое, ки мехоҳанд бо Толибон* дӯстӣ кунанд, бояд ин аҳдшикании Толибонро* донанд.
- Аз кору пайкори Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо сарварии Аҳмад Масъуд огоҳ ҳастед? Тӯли як сол онҳо ба кадом мувафақиятҳо даст ёфтанд?
- Ман бо тамоми роҳбарон, чеҳраҳои сиёсӣ, ҷомеаи маданӣ ва касоне, ки дар ҳар гӯшае дар баробари Толибон* бо силоҳ меҷанганд, робита дорам, ташвиқ мекунам ва муборизаашонро таҳсин мегӯям.
Муборизот ба ин маъно нест, ки фардо як муваффақияти бузургро ба даст биёред. Ҳар рӯз мо муваффақият дорем. Ҳар афғонистоние, ки ин кишварро тарк мекунад ва шиноснома мегирад, муваффақият аст. Ҳар ҷинояте, ки Толибон* содир мекунанд муваффақияти мост. Ҳузури неруҳои мо дар вилоятҳои мухталиф мувафақият аст. Танҳо каме ба замон эҳтиёҷ дорем. Бовар дорам, ки ин муқовимат дар тамоми кишвар реша пайдо мекунад.
- Ҳоло шумо ва дигар кормандони сафорат ба чӣ корҳо машғул ҳастед ва маблағгузории сафорат аз кадом сарчашма аст?
- Тамоми таъсисоти сафорат аз худамон аст. Мо маблағи иҷора намесупорем. Ва хуб аст, ки консулии мо кор мекунад ва бисёр зарур нест, ки мо маошҳои чандҳазордоллара гирем. Мо бо буҷаи андаке корамонро хуб пеш бурда истодаем. Ҳеҷ барномаи миллӣ, маросими мазҳабӣ, байналмилалии ба таъхир наафтодааст. Мо дар тамоми маросимҳои сафоратхонаҳои дигар кишварҳо дар Тоҷикистон ширкат мекунем.
Аксари сафирон бо ман робитаи хуб доранд, ба сафорат меоянд. Корамон бо ҷӯшу хурӯш идома дорад ва ҳеҷ гуна хастагӣ дар вуҷуди мардум намебинам.
- Дар ин як солаз ҷониби ягон намояндаи Толибон* пешниҳоди гуфтушунид ё вохӯрӣ шуд?
- Сӯҳбат бо касе, ки миллати маро мекушад, фарҳангу таърихи маро зери пой мекунад, ба намодҳои миллии мо эҳтиром намегузорад барои ман боиси нанг аст.
Толибон* пеши ман ҳукумат нестанд, як гурӯҳи террористӣ ва ифротии ҷинояткор ҳастанд. Ман на танҳо бо Мутаққӣ намехоҳам гап занам, ҳамчунин Ҳайбатуллоҳро ҳам ба расмият намешиносам. Ман шахсан аз Толибон* як лаҳза ҳарос надорам ва агар инҷо кор карда натавонистам, дар ҷабҳаҳоти ҷанг дар баробарашон истод мешавам.
Мо таслим намешавем, вале бо шартҳои муайян ба сулҳ омода ҳастем. Шартҳои мо ин нест, ки гӯем барои мо чанд курсии ҳукуматӣ ё пул диҳед. Мо сари як механизми инсониву миллӣ ва байналмилалӣ мехоҳем бо онҳо сӯҳбат кунем. Мо ба онҳо мегӯем, ки биёед аввал интихобот баргузор мекунем ва ҳар кас аз байни интихобот баранда шуд, мо аз ӯ пайравӣ мекунем ва таслим мешавем. Мо бо он афкоре ки онҳо доранд, созгор нестем. Ба афкор ва орои мардум тан медиҳем. Мутаассифона Толибон* бо ин лоиҳаи пешниҳодкардаи мо мушкил доранд, зеро Толибон мустақил нестанд
Интизориҳои Шумо аз ояндаи Афғонистон чӣ аст?
- Мардуми Афғонистон ба ҳеҷ таҷовузгаре сар фуруд наоварданд. Толибон* гурӯҳи ниёбатии касони дигар ҳастанд. Давраи аввал ҳам ҳукумат карда натавонистанд. Ин бор ҳам ҳукумат карда наметавонанд. Дар тӯли як сол ҷиноятҳои онҳо хеле зиёд мушоҳида шуд. Инҳо бузургтарин хиёнатро ба ақвоми пуштуни худ карданд. Дарвозаҳои макотибро бастанд, мардумро аз таҳсил дур нигоҳ доштанд. Онҳоро ҳатто пуштунҳо қабул надоранд. Ба ин далел Толибон* шикаст мехӯранд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.