расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » “Ҳукми танқиди раис” ё чаро “Одобнома” бояд риоя карда шавад?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

“Ҳукми танқиди раис” ё чаро “Одобнома” бояд риоя карда шавад?


Технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ дар ду даҳсолаи гузашта ба рушди шабакаҳои иҷтимоӣ, чатҳо, форумҳо, инчунин ба аксар соҳаҳои фаъолияти инсонҳо, аз ҷумла ба забон, маданияти сухан, одоби муошират, қоидаҳо ва меъёрҳои рафтор ҳам дар фазои маҷозӣ ва ҳам ҳаёти воқеӣ таъсир расонид.
Коршиносон мегӯянд, ки ин таъсир ҳам мусбат аст ва ҳам манфӣ. Онҳо таъкид мекунанд, ки ҳоло яке аз мушкилоти ташвишовар дар фазои маҷозӣ риоя нашудани этика ва ё одоб аст.
Чунон ки мебинем, ҳоло як одам метавонад бо ҳазорон корбар дар як муддати кӯтоҳ шинос шавад, бо даҳҳо нафар дар як рӯз мукотиба намояд, аммо на ҳамаи онҳо тарбияи хуб доранд, аз ин рӯ, на ҳамеша одобро риоя мекунанд.
Такрор на ҳамеша модари дониш аст
То замони пайдо шудани технологияҳои иттилоотӣ инсонҳо ба ҳамдигар бо даст мактуб менавиштанд, дар мавриди чӣ ва чӣ гуна навиштани он фикр мекарданд ва агар роҳ дур мешуд, чанд муддате посухро интизор мешуданд, номаҳоро босаводона менавиштанд ва аксаран ҷавобҳои босаводона мегирифтанд.
Аммо чунон ки фазои маҷозӣ имрӯз нишон медиҳад, мукотиботу муошират тибқи қоидаҳои худ сурат мегирад, масалан, паёмҳое, ки корбарон ба ҳамдигар менависанд, кӯтоҳанд, маъмулан аз калимаҳои содда иборат мебошанд, аммо азбаски суръати расидани паёмҳо хеле тез аст, оҷил посух менависанд.
Дар натиҷа, ҳангоми мукотибот на танҳо насли ҷавон, балки наслҳои калонсолтар низ ба грамматика ва имлову аломатҳои китобатӣ таваҷҷӯҳи зиёд нишон намедиҳанд, гузашта аз ин, баъзан ихтисороти номафҳумро ҳам, мисле, ки гӯё меъёр шудааст, истифода мекунанд.
Дар натиҷа, аксарият тадриҷан ба ин одат мекунанд.
Коршиносон мегӯянд, ки чунин вазъият аллакай натиҷаҳои худро нишон додааст, зеро агар инсон 10 бор тарзи навишти нодурусти як калимаро бинад, бори 11 бовар ҳосил мекунад, ки он бояд чунин навишта шавад ва ин боиси рушди бесаводӣ дар ҷомеаи муосир гардидааст, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ.
Яке аз нахустин назарияҳо дар бораи ҷомеаи шабакавӣ дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба миён омад. Муаллифи яке аз ин назарияҳо, ҷомеашиноси испанӣ Кастелие мегӯяд, ки рушди технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ (ТИК) боиси тағйир ёфтани муносибатҳои бесобиқа дар ҷомеаи башарӣ шуд.
Ин андешаи Кастелие дар миёни коршиносони бисёр кишварҳо ҳамовозӣ ёфт, зеро ба фикри ағлаб, инсонҳо шабакаҳои иҷтимоиро месозанд ва шабакаҳои иҷтимоӣ, дар навбати худ, аз фазои маҷозӣ ба ҳаёти воқеӣ баромада, ба инсонҳо таъсир мерасонанд ва онҳоро тағйир медиҳанд.
Аммо нахустин бор қоидаҳои одоби рақамиро дар фазои маҷозӣ соли 1994 Вирҷиния Ши дар китоби худ “Нетикет” иброз дошт, ки он аз 10 банд иборат буд. Азбаски ин бандҳо минбаъд дар Одобномаҳо кишварҳои зиёди ҷаҳон истифода шуданд, мо онҳоро инҷо зикр намекунем ва руҷӯъ менамоем ба Одобномае, ки дар кишвари мо соли 2013 қабул шудааст.
Дар ибтидо он Одобномаи шаҳрванди электронӣ ном дошт, вале баъдан ба ҷойи калимаи “электронӣ” вожаи “рақамӣ” пазируфта шуд.
Ба қавли Асомиддин Атоев, яке аз ташаббускорони ин лоиҳа, самараи фаъолияти гурӯҳи кории ташкилгардида буд, ки пас аз муҳокимаҳои зиёд Одобномаи иборат аз 20 банд моҳи октябри ҳамон сол дар конференси ҷумҳуриявӣ қабул гардид.
Соли 2020 ба Одобномаи шаҳрванди рақамӣ дар робита ба истифодаи шабакаҳои Вай-фай дар ҷойҳои ҷамъиятӣ боз як банди дигар илова гардид.
- Ҳадаф ин буд, ки меъёрҳои одоби ҳаёти воқеӣ дар фазои маҷозӣ бидуни табъизи ҳуқуқи дигарон истифода бурда шавад, зеро он ҷузъи ҳаёти воқеии инсон гардидааст,-тазаккур медиҳад А. Асоев.
Мо дар зер як қатор нуктаҳои Одобномаи мазкурро меорем:
-Риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва анъанаҳои миллӣ дар фазои маҷозӣ ҳатмианд.
-Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тавассути ТИК истифодаи садоҳои гӯшхарош, суханони қабеҳу беодобона ва баланд гӯш кардани мусиқӣ қобили қабул нест.
-Маълумоти шахсии инсон дар фазои маҷозӣ ҳам дахолатнопазир буда, истифодаи беиҷозати он мумкин нест.
-Эҳтироми моликияти зеҳнӣ ҳатмӣ буда, бо истифода аз ТИК низ асардуздӣ (плагиат) манъ аст.
-Ба воситаи ТИК спам (ҳарзанома) фиристодан мумкин нест.
-Истифодаи ТИК барои таъқиб, таҳқир, тӯҳмат, иғво, воҳима, ғаразварзӣ, маҳалгароӣ ва дигар амалҳои манфӣ манъ аст.
-Табъизи миллӣ, забонӣ, динӣ, нажодӣ ва гендерӣ дар фазои маҷозӣ низ манъ аст.
-Шарҳу посухи беодобонаю ғайриқонунии маълумоти дигарон манъ аст.
-Ҳар шахс барои маълумоти интишоркардаи худ масъул мебошад.
-Ҳар шахс барои вайрон намудани одоб дар фазои маҷозӣ низ бояд масъулият ҳис намояд.
А. Асоев мегӯяд, ки Одобномаи мазкур хислати тавсиявӣ дорад ва то ҳол дар кишвар ягон ташкилоти махсус мисли Шӯрои ВАО вуҷуд надорад, ки нақзи меъёрҳои онро мониторинг кунад, аммо сарфи назар аз ин, меъёрҳои худтанзимкунӣ дар Интернет хеле зиёд аст.
-Ҳар як расона, ҳар як шабакаи иҷтимоӣ, видеофорумҳои гуногун, почтаҳои электронӣ порталҳои гуногун ва ғ. меъёрҳои ахлоқии худро доранд ва онҳо ҳамаи корбаронеро, ки якум бор ба сайтҳои онҳо ворид мешаванд, огоҳ мекунанд, ки мутобиқи меъёрҳои тартибдодаи онҳо рафтор кунанд, вагарна хориҷ карда мешаванд,-мегӯяд А. Асоев.Чаро бояд “Одобнома”риоя шавад?   
Коршиносон меъёрҳои ахлоқиро дар шабакаҳои  иҷтимоӣ ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд:
1. Психологӣ ва эҳсосотӣ. Ҳангоми сӯҳбати зинда муроҷиат ба шакли “ту” ва ё “шумо” сурат мегирад, ҳамчунин танз ва “жаргон” истифода бурда мешавад ё не.
2. Техникӣ. Бештар ба дизайн иртибот дорад, яъне ба ҳуруф, ранг, ҳаҷми матн, имло ва аломатҳои китобатӣ. Баъзе қоидаҳои алоҳида иртибот мегиранд ба меъёрҳои истифодаи паёмҳои савтӣ, алалхусус вақте ки ду шахси ношинос сӯҳбат мекунанд.
3. Маъмурӣ. Вақти ирсоли паёмҳо ва ҷавоб гуфтан ба онҳо, қоидаҳои истифодабарии иқтибосҳо, роҳ надодан ба асардуздӣ (плагиат ва ғ.) диққат додан лозим аст.
Дар иртибот ба риоя нашудани меъёрҳои ахлоқӣ дар Интернет як қатор истилоҳҳо истифода мешаванд, ки мо дар зер баъзеи онҳоро зикр мекунем:
Флейм: Ин чунин як намуди баҳсест, ки дар он ҳақиқат рӯи об намебарояд, балки мавзӯи он ногаҳон ба миён омада, баҳсҳои бардавомро ба вуҷуд меоварад, аммо дар нисфи баҳс фаромӯш мешавад, ки мавзӯъ дар ибтидо чӣ буд. Флейм баъди дахолати модератор хотима меёбад ё баъди хаста шудани корбарон қатъ мешавад.
Баъди анҷоми флейм ягон натиҷа ба даст намеояд.  
Ҳангоми чунин баҳсҳои бемақсад беҳтарин роҳ ин аст, ки корбар мавқеи худро бо қотеият баён карда, аз идомаи баҳс даст кашад.
Флуд ба паёмҳои бесамар рабт дорад ва онро аз бекорӣ шурӯъ мекунанд ё ягон нафарро тролл  мекунанд.
Спам паёмест, ки аз ташкилотҳо ва ё одамони ношинос меоянд. Аксаран инҳо мактубҳои электронӣ, рекламаҳо ва ғайра мебошанд.
Офтоп паёмҳои шабакавиест, ки аз доираи мавзӯи сӯҳбат берун мебарояд ва дар натиҷа, ҷустуҷӯи иттилоот барои корбарон мушкил мешавад. Сабаб ин аст, ки форум ба партовгоҳи иттилоотӣ мубаддал гаштааст.
Хотлинкинг равандест, ки дар сайти дилхоҳ объект, ки дар сервери дигар қайд шудааст, аммо ногаҳон мусиқӣ, расм, навор ва ё дигар файлҳо пайдо мешаванд. 
Оверквотинг иқтибоси беҳад зиёд ва бемаънии паём аст.
Ҳамин тарик, бояд зикр кард, ки риояи меъёрҳои ахлоқӣ, аз як тараф, аз маданият ва тарбияи корбар гувоҳӣ медиҳад, аз ҷониби дигар, онҳоро ҳаддалимкон аз вазъиятҳои эҳтимолии ногувор эмин нигоҳ медорад.
Тарбияи корбари ботарбия вазифаи умумист
Коршиноси тоҷик Рустам Гулов ба ин назар аст, ки то ҳол дар кишвар роҷеъ ба мавҷудияти Одобномаи шаҳрвандӣ оммаи васеи корбарон хабар надоранд, аз ин рӯ, бояд семинару тренингҳо гузаронда шаванд ва моҳияти ин ҳуҷҷат ба ҳама фаҳмонда шавад, вале ин захираҳои зиёдро талаб мекунад.
Номбурда мегӯяд, ки агар ба нетикет на ҳамчун ба ҳуҷҷати расмӣ, балки танҳо як одобнома нигарем, пас мушкил ҷиддитар мешавад, зеро муошират дар олами маҷозӣ ба истиснои якчанд хусусиятҳо аз муошират дар олами муқаррарӣ фарқи ҷиддӣ надорад.
Ба андешаи Р. Гулов, баъзан мо бо гузаштагони бузурги худ ва эҷодиёти пурмазмуну пур аз насиҳатҳои онҳо фахр кунем, аммо ин фахр ба кибр табдил ёфтааст, зеро намеомӯзем, ки онҳо дар бораи муносибати боэҳтиромонаи инсонҳо чиҳо гуфтаанд.
-Дар натиҷа, аз ҷавонон сар карда, то пиронсолон, аз шаҳрвандони оддӣ то кормандони мақомоти гуногуни давлатӣ постҳову шарҳҳои пур аз таҳқиру маломат, пастзаниву суханҳои қабеҳ менависанд (сатҳи саводнокӣ ва иштибоҳҳо дар ин навиштаҷот мушкили дигар аст),-мегӯяд Р. Гулов.Муҳаққиқи тоҷик Рустам Азизӣ, ки муддатест дар ин мавзӯъ тадқиқот бурда истодааст, мегӯяд, ки дар фазои иттилоотӣ ва маҷозии тоҷик рафтор ва баҳсҳои гурӯҳҳои гуногунро пайгирӣ намуда, як равиши аҷиберо барои худаш ошкор кардааст.
Ӯ дар ин иртибот мегӯяд, ки маъмулан, вақте ки дар зери матолиби тахассусӣ, ки кордонҳо дар он изҳори назар мекунанд, масалан: забоншиносе ягон масъалаи забониро матраҳ мекунад ё рӯҳоние дар бораи масъалае фатво меорад ё иқтисоддон ё коршиноси дигар масъалаеро баррасӣ мекунад, ки мутахассиси соҳа ҳастанду андешаҳояшонро бар пояи истидлолу тавзеҳоте пешниҳод мекунанд, ҳамеша аз куҷое ягон нафар пайдо мешавад, ки худаш, агар ҷумлаи иборат аз 3-4 калима нависад, ҳатман 5-7 ғалат мекунад ва дар бораи масъалае, ки аз он фарсаххо дур аст ва  шахсеро, ки бори аввал мебинад, ба ӯ  муроҷиат карда, қотеона менависад, ки "Э и я бесаводай.., Хичира намедона... И гапо нотугри .. ва ...".
-Бештари аҳли фаҳм сатҳи чунин касонро дарк мекунанд, аммо ба онҳо эътиборе намедиҳанду мегузаранд, вале ҳамфикрони онҳо дигар ҷамъ шуда, ҳамдигарро дастгирӣ мекунанд: "Точна гуфти брат... Боши радной ..." ва боз шурӯъ мекунанд ба фаҳшу дашном ва носазогӯиҳо, -мегӯяд. Р. Азизӣ.
Яке аз фаъолони “Фейсбук” Ӯткир Умарбоқиев мегӯяд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ оинаи ҷомеа мебошад, вале озодтар. Аммо номбурда бо таассуф зикр мекунад, ки дар назари як қисми ҷомеаи мо ҳақорату дашном ҳамчун мардӣ қабул мешавад, аммо агар баракс рафтор шавад, яъне агар ягон гапи нохуб дар посух гуфта нашавад, чунин шахсро тарсу ҳисоб мекунанд.
Ӯ. Умарбоқиев ҳамчунин меафзояд, ки қасамхӯриву тамғазании беасос, таҳқири шахсу маҳаллу миллату дин ва ғ. дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба чашм мерасанд.
Ӯ дар ин иртибот чанд мисол меорад, аз ҷумла: “Аз зардуштпараст чӣ мегирӣ?”, “Ҷони гапа гуфтӣ. У як хоинай!”, “Галстук дориву ақл надоштаӣ”, “Ниправам боша, чо мекни иғво броварда?, “Хондагиҳо чӣ шуд? Имону тақво медошти, ҳукми танқиди раисро медонисти”.
Шояд яке аз сабабҳои аслии риоя нашудани Одобномаи шаҳрванди электронӣ ба он иртибот дошта бошад, ки баъзан аз ҷониби кӣ идора шудани бархе мессенҷерҳо ва саҳифаҳо номаълум аст.
Дар ин иртибот ба кибербуллинг, ки на танҳо Одобномаи шаҳрванди рақамиро нақз мекунад, балки баъзан паёмади ҷиддие ҳам барои худи корбарон дошта метавонад, коршинос Шоҳсанам Саидова мегӯяд, ки гоҳо дар Интернет бе иҷозат акс гирифтан ва паҳн намудани маълумоти хислати шахсидоштаи шаҳрвандон ба чашм мерасад.
Ба қавли номбурда, ҳоло саҳифаҳое пайдо шудаанд, ки аксу наворҳои шаҳрвандонро ҷамъоварӣ менамоянд ё одамонро дар ҳолати муқаррарӣ аксу видео гирифта ба хотири масхара кардан дар онҳо ҷой медиҳанд.
-Аммо ҷавонону наврасон бештар кибербуллингро дар гурӯҳҳои худ, дар мессенҷерҳо, гурӯҳи ҳамсинфон ё ҳамкурсон барои масхара кардан истифода мебаранд, -мегӯяд Ш. Саидова.
Назарсанҷие, ки Ташкилоти ҷамъиятии “Баробарӣ” соли 2019 дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи шаҳри Душанбе миёни мактаббаҷаҳои пойтахт гузаронда буд, нишон медиҳад, ки сарфи назар кардани Одобномаи шаҳрвандӣ дар миёни шогирдони мактабҳои пойтахт низ ба назар мерасад.
Дар ин назарсанҷие, ки даҳҳо нафар талаба ширкат кардаанд, 60% гуфтанд, ки азияту озори одамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ саргармии аҷиб аст, 50 % -и онҳо бовар доранд, ки дар Интернет касеро, ки ба озору азият ё кибербуллинг машғул аст, шиносоӣ карда наметавонанд, аз ин рӯ, эҳсосоти манфии худро дар инҷо баён мекунанд. 45% гуфтаанд, ки таҳқир дар Интернет роҳи қасосгирӣ аст ва 15%  иброз доштанд, ки касоне таҳқир мешаванд, ки онро сазоворанд.
Ҳамчунон 35% эътироф карданд, ки худашон низ дар Интернет одамонро таҳқир намудаанд, аммо дар бораи паёмадҳои он чизе намедонистанд ва беш аз 50% и дигар гуфтаанд, ки мавриди кибербуллинг қарор гирифтаанд.
Коршинос Р. Гулов ба ин назар аст, ки агар корбар суханонеро, ки ба ҳамсуҳбати худ дар платформаҳои рақамӣ гуфтанӣ аст, дар ҳолати муоширати рӯ ба рӯ дар ҳаёти воқеӣ гуфта натавонад, беҳтараш аз он худдорӣ кунад.
-Дар олами маҷозӣ, аз ҳамсуҳбат фарсахҳо дур истода, ӯро надида, ҳатто нашинохта дилхоҳ гапро гуфтан осонтар менамояд, аммо ин ҳам ифодагари таълиму тарбияи инсон аст.
Аксар ҳамсӯҳбатони мо дар ин маврид сабаби риоя нашудани Одобномаи шаҳрванди электрониро дар шабакаҳои иҷтимоӣ рабт медиҳанд ба костагии ахлоқи иддае аз ҷавонону наврасони тоҷик.
Ба андешаи онҳо, сабабҳои ин падидаро дақиқ муайян кардан мушкил аст, бинобар ин, омилҳои умумиро номбар карда, мегӯянд, ки дурӣ аз мутолиаи китобҳои ахлоқӣ, беназоратии волидайну омӯзгорон ва бетафовутии ҷомеа заминаи асосии вазъи мавҷуда дар ин самт мебошад.
Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, тарбияи корбари ботарбия дар шабакаҳои иҷтимоӣ кори дастаҷамъӣ аст ва ҳалли ин мушкилот дар алоҳидагӣ мушкил ба назар мерасад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.