расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » ДАРГУЗАШТИ АДИБИ ШИНОХТА ВА ВАЗИРИ СОБИҚИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН НУР ТАБАР

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

ДАРГУЗАШТИ АДИБИ ШИНОХТА ВА ВАЗИРИ СОБИҚИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН НУР ТАБАР

Адиб ва драматурги маъруф ва вазири собиқи фарҳанги Тоҷикистон Нур Табар (Нурмуҳаммад Табаров) шаби 14 августи соли 2022 дар синни 81 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дар Фейсбук духтари ӯ Дилбар Табарова хабар дод. “Эй дӯстон, падарамро аз даст додам”, – навиштааст Дилбар Табарова.
Ӯ дар бораи иллати марги падараш чизе нагуфтааст. Вале наздикони дигари Нур Табаров ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки устод Нур Табар чанд вақт боз бемори сахт буд.
Маросими видоъ ва намози ҷанозаи Нур Табар, қарор аст, рӯзи душанбе, 15 август доир шавад.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар дод, км маросими видоъ бо Нур Табар субҳи 15 август дар назди хонаи марҳум дарпаси чойхонаи “Роҳат” доир мешавад.
Нурмуҳаммад Табаров 15 июли соли 1941 дар деҳаи Ғешии ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) ба дунё омада, соли 1962 риштаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон  ва соли 1970 шуъбаи рӯзноманигории Мактаби олии ҳизбии Маскавро хатм кардааст.
Нурмуҳаммад Табаров солҳои тӯлонӣ дар арсаи матбуот кор карда, аз ҷумла дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” аз ходими адабӣ то ба мақоми муовини сармуҳаррир расил. Ӯ ҳамчунин ба ҳайси хабарнигори махсуси рӯзномаи «Комсомольская правда» дар Тоҷикистон, муҳаррири рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана», муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» кор карда, дар нимаи дуюми солҳои 80 ба мақомҳои баланди мудири шуъбаи фарҳанги кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вазири фарҳанги Тоҷикистон расид.
Нурмуҳаммад Табаров дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои моҳи феврали соли 1990 ҳамроҳ бо Бӯрӣ Карим ба кӯшиши ташкили табаддулоти давлатӣ ва ғасби ҳукумат айбдор шуд ва аз саффи ҳизби коммунист рондаву аз вазирӣ ҳам барканор шуд.
Баъди ин ӯ дар нашрияҳои «Сухан» ва «Навиди бозаргон» ва маҷаллаҳои «Фарҳанг»-у «Тоҷикистон» ва “Помир” кор кард.
Нурмуҳаммад Табаров солҳои 1987—1990 вакили Шӯрои олӣ, парлумони вақти Тоҷикистон интихоб шуда, аз соли 1983 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Нур Табар муаллифи беш аз понздаҳ маҷмӯаи ҳикояву намоишнома ва очерку мақолаҳост. Аз ӯ китобҳои «Роҳҳои дуру наздик» (1977), «Ин баҳор чӣ меорад?» (1983), «Дарёи нур» (ҳамроҳ бо Раҷаб Мардон, (1985), «Дар чорсӯ» (1986), «Чорсӯ» (2000) ба ёдгор мондаанд.
Нур Табар муаллифи чандин драмаест, ки дар театрҳои Тоҷикистону берун аз он ба саҳна гузошта шудаанд. Аз ҷумла драмаи «Дар чорсӯ» (1985) дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри давлатии академии драмавии ба номи Мулло Нафаси Ашқобод, театрҳои Кӯлобу Хуҷанд саҳнагузорӣ шудааст.
Пйесаи «Мусичаро напаррон» (1987), драмаҳои таърихии “Қисмат (1997), «Дод чист, бедод чист?» («Паёми Зардушт»; 2001), «Жернова» (2003) ва фоҷиаи хурди «Тарс» (1998) дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Фонус», «Помир» ва «Тамыр» (нашрияи Созмони «Золотой век»-и Ҷумҳурии Қазоқистон) ба табъ расидаанд. Драмаи «Жернова» («Санги осиё») дар маҷмӯаи осори адибони Осиёи Миёна «Все мы, Азия, твои дети!» (2003) ҷой дода шудааст.
Драмаҳои «Кафшҳои Абулқосим» (1982), «Охота на ведьм» («Шикори аҷинаҳо»; ҳамроҳи Т. Аҳмадхонов ва С. Юрев), «Дод чист, бедод чист?» («Паёми Зардушт»; 2001), «Последний вагон» («Вагони охирин»; 2001), фоҷианомаҳои «Тарс» (1998) ва «Хӯсаҳо» (2003) дар Театрҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Вл. Маяковский пешкаши умум гардидаанд.
Соли 1999 Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи Толиб Шаҳидӣ «Амир Исмоил»-ро аз рӯи либреттои Нур Табар ва Низом Қосим ба саҳна гузошта буд.
Драмаи мусиқӣ-этнографии ӯ «Духтари ҳамсоя» (ҳамроҳи Ҳ. Абдураззоқов ва М. Миров) соли 2001 дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии театрҳо сазовори баҳои баланд шуда буд.
Нур Табар аз тарҷумонҳои пурмаҳсул низ ба шумор мерафт ва аз ҷумла асарҳои А. Чехов «Се хоҳарон», И. Франко «Кафшҳои Абулқосим» (ҳамроҳи Л. Сотник), А. Чхеидзе «Вақте ки шаҳр хуфта буд», М. Шатров «Лавҳаҳои инқилобӣ», «Ба пеш, ба пеш!», А. Абдулин «Вопасин падаршоҳ», Ҳ. Синкер «Аждар Мартин», Т. Зулфиқоров «Шабпарак хоб дид», С. Хонзодян «Манзили сӯхта», шеърҳои мансури И. Тургенев, романи Г. Марков «Шарбати замин» (ҳамроҳи М. Шаҳобиддинов), «Панднома»-и Абайро ба забонӣ тоҷикӣ гардондааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.