расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон


Мақомоти интизомии Тоҷикистон як сокини 80-солаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлонро бо гумони бадахлоқӣ ва дастдарозӣ ба занон бо истифода аз эътиқоди динӣ боздошт кардаанд.
Дар наворе, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шоми 10 августи соли 2022 тариқи телевизиони давлатӣ нашр кард, гуфта мешавад, ки ин мардро дар асоси шикояти як зани сокини ноҳияи Носири Хусрав, ки гуфтааст мӯйсафед нисбати ӯ ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё бадахлоқона анҷом додааст, дастгир карданд.
ВКД аз ин мард  Рустам Абдураҳмонови 80-сола ном бурдааст, ки “аз соли 2012 инҷониб худро ҳамчун муллои ҷинбарор муаррифӣ карда, ба сеҳру ҷоду ва хондани дуоҳо шахсони хуруфотпарастро ба худ ҷалб мекардааст”.
Дар навор таъкид мегардад, ки “муштариён”-и ин “мулло”-и ҷодугар занони гумроҳ ба ҳисоб рафта, онҳо ба доми фиреби ӯ афтодаанд ва маблағҳои зиёдро сарфи табобатҳои дурӯғин кардаанд.
“Ин марди солхӯрда бо истифода аз боварии динӣ занони дардманди зудбоварро барои ҳалли мушкилоташон ва рафъи дардҳояшон ба ҳамхобагӣ ҷалб карда, гӯё бо ин тарзу усул ба дардҳояшон малҳам мебахшидааст”, - омадааст дар гузориши ВКД.
Худи Рустам Абдураҳмонови 80-сола дар навор изҳор менамояд, ки воқеан ба табобат тавассути дуохонӣ машғул буд, аммо ин кораш нодуруст аст.
Мақомот гуфтаанд, ки нисбати Рустам Абдураҳмонов бо моддаи 142, иловаи 1, қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ (ҳаракатҳои бадахлоқона бо сӯйистифода аз ҳиссиёт ва боварии динӣ) парванда боз шудааст. Ин модда аз 3 то 7 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон чанд сол пеш низ тариқи телевизион аз боздошти афроде, ки бо истифода аз эътиқоди одамон ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ мекарданд, наворҳои баҳсбарангез нашр менамуданд. Наворҳои мазкур дар ҷомеа баҳсҳои гуногунро ба вуҷуд овард ва бархе онро як маъракаи бадномсозии рӯҳониён дар ҷомеа муаррифӣ карданд. Бархеи дигар нашри наворҳоро ҷиҳати поксозии ҷомеа аз “мулло”-ҳои дурӯғин зарур медонанд.
Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/laworder/20220811/bozdoshti-mardi-80-sola-bo-gumoni-dastdaroz-ba-zanon

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • baccaratcommunity | Гости

    As I am looking at your writing,   I regret being unable to do outdoor activities due to Corona 19, and I miss my old daily life.   If you also miss the daily life of those days, would you please visit my site once? My site is a site where I post about photos and daily life when I was free. 
    baccaratcommunity

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.