расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан кадом иншоотҳоро боз кард?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан кадом иншоотҳоро боз кард?


Дар рӯзи дуюми сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ӯ аз шаҳри Истаравшан боздид намуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ин ҷо бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон нахуст корхонаи бисёрсоҳавии саноатии ҶДММ “Шарафи рӯз” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Корхонаи муосири саноатӣ бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ – Ислом Азимов ва Алишер Сабуров бо харҷи зиёда аз 6 млн сомонӣ сохта ва бо дастгоҳу технологияи муосир муҷаҳҳаз карда шудааст.
Корхона аз коргоҳҳои истеҳсоли бомпӯшҳои пластикӣ, қубурҳои зангназананда, ранги равғанин, қуттиҳо барои ранг, қуттиҳои пластикӣ, кафкҳои сохтмонӣ, герметик ва анборҳо барои маҳсулоти хому тайёр иборат мебошад. Роҳандозии истеҳсоли бомпӯшҳои пластикӣ дар корхонаи нави саноатӣ нахустин дар миқёси ҷумҳурӣ буда, он дар асоси меъёрҳои ҷаҳонӣ пешниҳоди мизоҷон карда мешавад.
Роҳбарияти корхона иқдом гирифтанд, ки оянда бо боло бардоштани иқтидори истеҳсолӣ содироти маҳсулоти босифати ватаниро зери тамғаи “ТаҷФикс” ба кишварҳои ҳамсоя ҳам ба роҳ монанд.
Сарвари давлат пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар коргоҳҳои корхона аз гӯшаи намоиши маҳсулоти тайёри он дидан намуд.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии ҶДММ “Нури Истаравшан”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Самти асосии фаъолияти он ба истеҳсоли ҷӯроб, либоси мактабӣ ва либосҳои фармоишӣ равона гардидааст.
Биноҳои истеҳсолии корхона дар масоҳати  зиёда аз 96 ҳазор метри мураббаъ бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ сохта ва бо дастгоҳу технологияи муосири бофандагию дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Баъдан Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи шаҳри Истаравшани Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мавриди истифода қарор дод.
Бинои навбунёди шуъбаи КДАМ дар шаҳри Истаравшан аз 3 ошёна иборат аст. Ҳамчунин барои таъмини кормандони ин ниҳод бо манзили зист дар ошёнаи 3-юми бино 4 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити зисту зиндагонӣ муҳайё карда шудааст. Бино бо системаи гармидиҳии тариқи ангишт ва қувваи барқ фаъолияткунанда таъмин мебошад, ки ба воситаи он дар фасли сармо ҳамаи ҳуҷраҳо бо гармӣ таъмин карда мешаванд.
Дар ҳамин ҷо президент дар маросими ба истифода додани бинои нави шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ дар шаҳри Истаравшан иштирок кард.
Иншооти мазкур аз се ошёна, таҳхона ва 9 утоқи корӣ иборат буда, дар масоҳати умумии зиёда аз 900 метри мураббаъ бо тарҳи зебо сохта шудааст. Дар ошёнаи 3-юми бинои тозабунёд 4 хонаи 2 ҳуҷрадори муҷаҳҳаз бо тамоми шароити зисту зиндагонӣ сохта шудааст.
Инчунин бо ҳузури президент маросими ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан баргузор шуд.
Иншоот дар масоҳати 312 метри мураббаъ бо тарҳи муосир аз ҷониби Кумитаи марказии ҲХДТ, аъзоёни Ҳизб ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда шудааст.
Имрӯз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан 13 ҳазору 802 нафар аъзо дорад, ки аз ин 53 дарсадашро ҷавонон ташкил медиҳад.
Баъд аз ин Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маҷмааи хизматрасонии “Истаравшан Плаза иштирок кард. Иншоот аз таҳхона ва 13 ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Эшонов Аскар бо харҷи 8 млн сомонӣ сохта шудааст.
Дар ошёнаи якуми бино мағоза ва маркази хизматрасонӣ, дар ошёнаи дуюм ва сеюм меҳмонхона иборат аз 16 ҳуҷра, аз ошёнаи 4 то 13-ум 36 хонаи истиқоматии 1, 2 ва 3 ҳуҷрадор ҷойгир буда, иншоот дар майдони  0,9 гектар замин сохта шудааст.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат бо 110 нафар ятим, ки 89 нафараш аз хонандагони мактаб-интернати шаҳри Истаравшан ва 21 нафари дигараш хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр мебошанд, мулоқот кард.
Дар Истаравшан бо иштироки президент инчунин Маркази инноватсионӣ ва истеҳсолии “Суғдиён” ифтитоҳ шуд. Он дар масоҳати 387 метри мураббаъ замин аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Зафар Умаров бо харҷи 2 млн сомонӣ маблағ бунёд гардидааст. аз 3 ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум нуқтаи фуруши компютерҳои муосир, камераҳои мушоҳидавӣ ва маркази омӯзиши барномаҳои компютерӣ ҷой дода шудааст. Дар ин ҷо 6 нафар бо кор ва маоши миёнаи аз 1500 то 1800 сомонӣ таъмин гардиданд.
Дар ошёнаи дуюм аз тарафи соҳибкори ватанӣ Хайрулло Исломов сехи дӯзандагӣ барои истеҳсоли куртаҳои мардона ва бачагона ташкил гардидааст. Дар коргоҳ 20 адад дастгоҳи дӯзандагӣ ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ харидорӣ ва васл карда шудааст.
Дар ин ҷо 26 нафар занони маҳаллӣ бо ҷойи нави корӣ ва бо музди миёнаи меҳнат аз 1200 то 1800 сомонӣ таъмин гаштанд.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан” иштирок кард.
Бино аз 3 ошёна иборат буда, Коллеҷ аз рӯи 13 ихтисосу равияҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла санъат ва ҳунарҳои бостонии гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, адрасу атласбофӣ ва қолинбофӣ, мутахассисони соҳибмаълумотро тайёр менамояд.
Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан беш аз 270 нафар донишҷӯ аз шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар минтақаҳои Тоҷикистони азиз таҳсил доранд.
Донишҷӯён дар баробари омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ, инчунин имкон доранд, фанҳои фарҳангшиносӣ, таърихи Тоҷикистон, химия, математика, асосҳои соҳибкорӣ, технологияи информатсионӣ, асосҳои педагогика ва психология, забонҳои русиву англисӣ ва этикаи касбиро аз худ намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Коллеҷ 43 нафар устодону омӯзгорон, рассомон ва ҳунармандони халқӣ ба донишҷуён нозукиҳои ҳунарҳои халқии тарроҳии либосҳои миллӣ, кандакорӣ, армуғонсозӣ, наққошӣ, графика ва хаттотӣ, гаҷкорӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва ғайраҳоро меомӯзонанд.
Пас аз ифтитоҳи Коллеҷ Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинони Истаравшан, аз ҷумла гӯшаи маҳсули ҳунарҳои дастӣ ва гӯшаи маҳсулоти кишоварзӣ боздид кард.
Дар намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои дастӣ зиёда аз 50 намуд маҳсулоти ҳунарҳои мардумии дастӣ пешкаш карда шуд.
Аксҳо аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • slotsite | Гости

    It's really great. Thank you for providing a quality article. There is something you might be interested in. Do you know   ? If you have more questions, please come to my site and check it out!
    slotsite

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.