расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Бо 40 сомонӣ 300 километр. Мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон расиданд.

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Иқтисодиёт

Бо 40 сомонӣ 300 километр. Мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон расиданд.

 
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ворид намудани 130 мошини барқӣ дар 6 моҳи ахир хабар дод, ки онҳо истеҳсоли Чин ва Олмон буда, ҳоло дар Душанбе ба мусофиркашонӣ машғуланд.
Бо шурӯи кори чунин таксиҳо, ҳарчанд мақомот ва бархе ронандагон аз кори онҳо ситоиш мекунанд, вале сокинон мегӯянд, ҳеҷ сабукие дар нархномаҳои хидматрасонияшон пешбинӣ нашудааст.
Носирҷон Иброҳимов, ронандаи таксӣ, рӯзи 10-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мошинҳои барқӣ аз нигоҳи молӣ камхарҷ ва аз нигоҳи экологӣ барои муҳити зист бехатаранд: "Дар ширкати худамон "Як таксӣ" дар 40 сомонӣ заправка мекунем, 300 километрро баҳазур мегардем."
Як нигаронии сокинон ин аст, ки мошинҳои барқӣ бо вуҷуди камхарҷ будан нархномаи хидматрасонияшон, мисли дигар таксиҳои ширакатҳои хидматрасон, дар 2 километри аввал 10 сомонӣ ва боқимонда ҳар километр 3 сомонӣ аст.
Парда Элмирзоев, сокини ноҳияи Ёвон мегӯяд, аз кори чунин таксиҳо бохабар аст, вале набояд арзиши роҳкироашон мисли дигар таксиҳо гарон бошад. "Зеро хароҷоташ камтар аст, нархи роҳкироаш ҳам бояд аз таксиҳои маъмулӣ арзонтар шавад. Арзонтар шавад, ки ҳоло мардуми камбизоат бисёр аст ва онҳо ҳам тавонанд истифода баранд,"--гуфт, ӯ.
Аксари мошинҳои барқие, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид шудаанд, ба ширкати "Як таксӣ" рост меоянд.
Рӯзи 10-уми август намояндагони ин ширкат нахостанд, дар бораи кори мошинҳои барқӣ суҳбат кунанд. Онҳо суҳбат атрофи ин мавзӯро ба дигар рӯз ба таъхир гузоштанд.
Баъзе ронандаҳо ва кормандони ширкат, гуфтанд, 3 нуқтаи таъминоти барқро барои мошинҳои барқӣ ташкил намудаанд. Ҳар кадоме аз чунин нуқтаҳо ҳамзамон ду мошинро тӯли 40 дақиқа то як соат бо барқ пур мекунад.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳоло Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2027-ро рӯи даст дорад, ки мехоҳад онро ба баррасии ҳукумат ирсол намояд. Ҷузъиёти ин барнома маълум нест ва ҳамчунин маълум нест, ки он то куҷо бо муваффақият иҷро мешавад.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар, ҳафтаи гузашта зимни як нишаст дар Душанбе танҳо зикр намуд, ки дар доираи Барномаи рушди нақлиёти барқӣ шароити кору хидматрасонӣ, масъалаи воридот ва ташкили нуқтаҳои ба барқ таъминкунандаи онҳо пешбини шудааст.
Бар асоси маълумоти Вазорати нақлиёт ва Хадамоти гумрук воридоти мошинҳои барқӣ аз боҷӣ гумрукӣ озоданд.
Оғози ҳаракати мошинҳо бо истифода аз барқ дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар тӯли 30 соли соҳибистиқолӣ натавонистааст камбуди бебарқии сокинонро дар фасли сармо ҳал намояд. Баъзе ронандаҳо гуфтанд, барои таъмини мошинҳояшон барқи зиёде сарф намешавад ва дар шароите, ки нархи сӯзишворӣ рӯз то рӯз гарон мешавад, истифода аз он беҳтар аст.
Ҳарчанд тӯли чанд соли ахир ширкатҳои мусофиркашонӣ дар кишвар таъсис ёфтаанд, вале шикоят аз кори мусофиркашонҳо ҳамоно боқист.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам гоҳе нашри наворҳо аз дағалгуфтории ронандагону сатҳи пасти хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятиро дидан мумкин.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.