расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Дар Туркия Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ оғоз шуданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Варзиш / Ҷаҳон

Дар Туркия Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ оғоз шуданд


Шоми 9-уми август дар Варзишгоҳи шаҳри Қунияи Туркия маросими ифтитоҳи 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ баргузор шуд.
Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумшурӣ хабар медиҳад, дар бозиҳо 4200 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд. Аз ҷумла ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 65 нафар (48 варзишгар) ба Қуния сафарбар гардиданд.
Ҳайати дастаи Тоҷикистон дар ин Бозиҳо:
Варзиши сабук: Илдар Аҳмадиев (давидан ба масофаи 100 м ва паридан ба дарозӣ), Фаворис Музрапов (давидан ба масофаи 100 ва 200 м), Александр Пронженко (давидан ба масофаи 200 ва 400м), Леонид Пронженко (давидан ба масофаи 110 м  ва  400м бо монеъаҳо), Салим Саидалиев (ҷаҳиши сегона) ва ҷаҳиш ба баландӣ).
Таэквандо WT: Муниса Ойматова (-53 кг), Маҳмадҷон Суннатов (-63 кг), Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов (-74 кг).
Каратэ: Санобар Сатторова (-50 кг), Муҳаммад Тешаев (-60 кг), Асадбек Фаттоев (-75 кг), Фаррухҷон Раҳимов (-84 кг), Тимур Доменко (+84 кг).
Ҷудо: Аҳлия Муминова (-52 кг), Шоҳида Қаландарова (-57 кг), Мавлуда Одинаева (-70 кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Комроншоҳ  Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг), Абӯбакри Акобир (-100 кг).
Вазнбардорӣ: Илҳомҷон Шукуров (81 кг).
Тенниси рӯи миз: Убайдулло Султонов, Афзал Маҳмудов, Ҷамшед Исмоилов, Иброҳим Исмоилзода, Некрӯз Одинаев, Иноятулло Раҳмонзода, Динора Исмоилова.
Ҷуфт - тенниси рӯи миз:  Екатерина Ишенко
Гӯштин: Тарзи озод - Ватансултон Шакаршоева (-53 кг), Ҳикматулло Воҳидов (-57 кг), Муҳаммад Икромов (-61 кг), Ҷамшед Шарифов (-70 кг), Ғуломҷон Шарипов (-74 кг), Сомон Икромов (-79 кг), Раҳмон Маҳмадбеков (-97 кг).
Гӯштини юнониву румӣ: Аслам Азизов (-55 кг), Фирӯз Мирзораҷабов (-63 кг), Шероз Очилов (-72 кг), Суҳроб Абдулхаев (-82 кг), Бахтовар Ҳасанов (-87 кг), Мирзоамин Сафаров (-97кг).
Камонварӣ:  Роберт Нам, Дилноза Аҳмадова, Фирӯза Зубайдова
Ҳайати Тоҷикистонро Дабири кулли КМО ҶТ Муҳаммадшо Абдуллозода, мудирони раёсатҳои Кумита Улуғбек Салимбекзода ва Бахтиёр Собирзода роҳбарӣ мекунанд.
Дар Бозиҳо инчунин мусоибиқаи паралимпичиён аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш гузаронида мешаванд.
Гуфта мешавад, дар маросими ифтитоҳи 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, сарвазири Албания Эди Рама, сарвазири Алҷазоир Эймен ибни Абдураҳмон, сарвазири Фаластин Муҳаммад Штийе ширкат карданд.
Маросими ифтитоҳи бозиҳо, ки бо қироати “Қуръон”-и карим оғоз шуд, бо барафрохтани парчами Туркия идома ёфт. Сипас, гузашти ҳайатҳои 56 кишвари ҷаҳон бо парчамҳои худ доир гашт.
Қобили зикр аст, ки 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз ҷониби Федератсияи байналмилалии варзишии ҳамбастагии исломӣ соли 2021 ба нақша гирифта шуда буд, вале бинобар сабаби пандемия ба муддати як сол мавқуф гузошта шуд.
Дар маросими ифтитоҳи 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ вазири ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Туркия Меҳмет Муҳаррам Касапоғлу, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои исломӣ Ҳусейн Иброҳим Таҳа, раиси Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ, шоҳзода Абдулазиз Туркӣ Ал-Файсал Ал-Сауд суханронӣ карданд.
Баъдан президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломиро ифтитоҳ намуда, ба ҳамаи иштирокчиён муваффақият хост.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.