расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳалокати ду нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар ду рӯзи охир

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Ҳалокати ду нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар ду рӯзи охир

Бар асари ду садамаи нақлиётӣ дар кишвар ду нафар ба ҳалокат расида, 3 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВКД.
Ба иттилои манбаъ садамаи якум 8 августи соли ҷорӣ, дар роҳи автомобилгарди “Восеъ-Ховалинг”, дар ҳудуди деҳаи Пушёни миёнаи ноҳияи Восеъ рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Алихон Назаров, сокини ноҳияи Балҷувон, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа намудааст, ки дар натиҷа, ронанда ҳалок шуда, мусофири он ҷароҳат бардоштааст.
Садамаи дуюм, рӯзи 9 август, дар дар километри 300-уми шоҳроҳи «Душанбе-Чаноқ» рух додааст.
“Ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Прадо», Сиёвуш Ҳасанзода, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Рӯзимаҳмад Абдуллоев, сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрда, аз роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота Раф-4», таҳти идораи Маҳмадраҷаб Розиқов, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст”. – менависад манбаъ.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Тойота Прадо», Бунафша Ҳабибуллоева, сокини Душанбе дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи мазкур С. Ҳасанзода ва мусофираш Манижа Ҳасанзодаи 12-сола дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.