расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » АКАИ АСЛИДДИН АЗ ДУНЁ РАФТ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

АКАИ АСЛИДДИН АЗ ДУНЁ РАФТ


Аслиддин Достиев, журналисти шинохтаи муқими Кӯлоб ва бародари муассиси ҳафтаномаи “СССР” Сайёфи Мизроб, рӯзи 8 августи соли 2022 дар синни 64 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, акаи Аслиддин 4 рӯз қабл ба иллати сӯрох шудани меъдааш бистарӣ шуда буд ва баъди ҷарроҳӣ худро хубтар ҳис мекард. Вале нимаи дуюми рӯзи 8 август қалбаш ба таври ногаҳонӣ аз тапидан бозмонд ва ин устоди журналистони минтақаи Кӯлоб даъвати Худояш лабайк гуфт ва ба олами улвӣ пайваст.
Аслиддин Достиевро ҳама:  чӣ хурду бузург, чӣ аҳли қалам ва чӣ аҳли мансаб дар шаҳру минтақаи Кӯлоб бо эҳтиром акаи Аслиддин ва Бобои Эшон ном мебурданд ва дар шаҳру минтақаи Кӯлоб барои ҳақиқатҷӯиву ҳақиқатгӯӣ ва ҷасорати беҳамтояшон дар баробари асосгузори “Пайк”, ягона нашрияи мустақил дар минтақаи Кӯлоб ва вилояти Хатлон, акаи Аслиддинро ҳам мушкетёрҳои Кӯлоб ном карда буданд. Аслиддин Достиев дар воқеъ дар тӯли чандин даҳсола, ҳанӯз аз замони султаи беҳудуди ба ном “боевикҳо” ҳамчун як улгуи журналисти ҳақиқатҷӯ дар Кӯлоб ном бароварда буд ва то дами маргаш ин парчамро аз даст надод.
Акаи Аслиддин дар ҳоле аз дори ин дунё рафт, ки  2 рӯз баъд дар хонааш бояд тӯй медод. Меҳмонон ҳама алакай ба тӯй даъват шуда буданд. Бехабар аз ин ки  ба ҷои тӯю хурсандӣ ба маросими мотами акаи Аслиддин хоҳанд  расид, ба ҷои маҷлиси созу тараб дар хонаи ӯ анҷумани мотам хоҳанд оросту ба ҷои сӯру шодӣ сӯгу нола гӯши фалакро дар ин хона кар хоҳад кард.
Маросими видоъ ва намози ҷанозаи Аслиддин Достиев нимаи аввали рӯзи 9 август, соати 10 дар манзилаш дар шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад.
Худованд шоистаи Ҷаннат гардонадат, акаи Аслиддин! Равонат шод ва охиратат обод бод!
Кучо шуд садру бадри ҳар ду олам,
Муҳаммад (с) беҳтарин авлоди одам.
Ҳама рафтанду мо аз пай равонем,
Ҳамоно аз шумори рафтагонем…
Дидор ба қиёмат, акаҷон…

Ёдат ба хайр, ҳамкор ва дӯсту бародари хеле хубам!

Бо “бобии эшон”- Аслиддин Достиев (Худо раҳматаш кунад) аз аввали солҳои 2000-ум ошноӣ доштам ва бо амри тақдир, аз поёни соли 2004 то 2012/14 ҳамкор будем. Ӯ намояндаи минтақавӣ ва комилҳуқуқи “Русское радио-ориёно”, радиои “Имрӯз” ва баъдан хабаргузории “Озодагон” -ро дар Кӯлоб ба зимма дошту инҷониб масъулияти сардабирии ин расонаҳоро дар марказ.
Фаврияти хоси дарёфти иттилоъ, коркард ва ироаи он аз хусусияти аслии эшонбобо дар вақти кор буд. Ҳеч гоҳ шиква (шикоят) намекард, ки аз ин ё он мақомот, сохтор, идора ё мансабдор маълумот гирифта намешавад, баръакс, ҳамеша мегуфт, ки “мушкил нест, ҳал мешавад”.
Чунон хушмуомила, хушрафтор ва хушсухан буд, ки то ба беохир…, ,хотираҳои зиёде аз ҳамнишиниву ҳамкорӣ бо бузургвор дорам, ки бо даст додани камтарин имконот ҳатман менависам…
Афсӯс пояи майиташро бардошта(н) ва дар намози ҷанозаи эшон ширкат кардан наметавонам. Бо сабаби маризӣ чанд рӯз боз дар бемористонам…
Худо раҳмату мағфиратат кунад, акаи Аслиддин! Аз даргоҳи Аллоҳи таъоло барои хонаводаи муҳтарами ӯ ва куллияи бозмондагонаш сабри ҷамил талабгорем!
ЯК ХОТИРА ВА АРЗИ ТАСЛИЯТ БА БОБОИ ЭШОН!
Аслиддин Достиевро як маротиба дар Кӯлоб дар нишасте дида будам. Дар ҷаласае, ки бо ширкати раиси шаҳр, мақомдорон ва журналистон мегузашт саволгузорӣ, муҳокимаҳо ва тарзи сӯҳбати эшонро дида “гов гашта” будам. Ана, ҷасорат, мана матонат!.. Ман озодии журналистиро чанд бор дар Кӯлоб дидааму халос…
Пас аз ҷаласа касе гуфт: “Ин акаи Сайф Достиев
Баъдан дар сӯҳбатҳои бобои Эшони худамон васфи бародарашонро чанд бор шунидам. Махсусан, як шаби солҳои 90 бо акаи Абдуфаттоҳ асир афтодану наҷот ёфтан ва дар хонаи Аслиддин Достиев паноҳ бурданашон баёдмонданист…
Афсус, ки насиби дидор набудааст.
Марги ин қаламкашро ба ҷомеаи журналистии кишвар ва аз даст додани бародарро ба акои Сайефи Мизроб таслият мегӯям.

Журналист Аслиддин Достиев даргузашт

Ҳамин ҳоло Аслиддин Достиев, рӯзноманигори шинохтаи Тоҷикистон, шахсе, ки доимо ба хотири ободию беҳбудии Ватан ва мардумаш қалам мекашид аз олам чашм пушид. Ба пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонем. Худои мутаъол ҷойи устодро ҷаннатулфирдавс гардонад.
Инно лиллоҳи ва инно иллайҳи роҷиъун. Ҷаноза фардо соати 10:00 дар хонаи марҳум.
Устод Аслиддин Достиев – журналисти шинохтаи тоҷик моро тарк гуфтанд. Боварнакарданист…
Рӯзноманигоре, ки қалам аз ҳайбаташ меларзид. Устод на танҳо дар минтақаи Кӯлоб, балки дар саросари ҷумҳурӣ нуфузи хоса доштанд. Кӯлоб шахсияти бузургу нотакрорро аз даст дод. Рӯҳатон шод бод, Бобои Эшон!

Шоира Рахимчон

Худованд дар беҳтарин макони абадият барои акаи ғаюр ва пурсалобати мо ҷой омода карда бошад.
Сайф Достиев акаҷонм, Аллоҳ ба шумо сабр ато кунад, то ин дарди ҷигарсузро таҳаммул бикунед.
Ғамшарикам, акаҷон 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.