расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Эрон изҳори ҳамдардӣ кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Эрон изҳори ҳамдардӣ кард


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди моддӣ бар асари боришоти шадид ва обхезиҳои харобиовар дар як қатор минтақаҳои Эрон ба раиси ин кишвар Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
“Хабари талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди моддӣ бар асари боришоти шадид ва обхезиҳои харобиовар дар як қатор минтақаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси андуҳи амиқи мо гардид”, - зикр мешавад дар барқияи изҳори тасаллӣ.Дар барқия ба сарвари ин давлат ва мардуми дӯсти Эрон, аҳли пайвандону наздикони қурбониён ҳамдардӣ ва тасаллиёт изҳор шуда, аз даргоҳи Худованд барои ҷонбохтагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоста шудааст.
Тибқи маълумоти ахир, бар асари боришоти шадид ва обхезиҳои харобиовари тайи чанд рӯзи ахир дар Эрон, дастикам 90 нафар ҳалок шуданд. Ба иттилои хабаргузории ТАСС, дар ин бора рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта хабаргузории Tasnim бо истинод ба табибон хабар додааст.
Гуфта мешавад, боз 8 нафари дигар бедаракшуда дониста мешаванд.
Охири моҳи июл Эронро обхезиҳои бузургмиқёс фаро гирифтанд. Тақрибан дар 2/3 ҳиссаи тамоми музофотҳои кишвар (24 аз 31) обхезӣ мушоҳида шуд.  Дар миёни минтақаҳои аз ҳама бештар осебдида Теҳрон аст. Бахтиёр, Исфаҳон, Язд, Луристон, Мозандарон ва Чаҳормаҳал низ аз офати табиӣ осеб диданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.