расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳабсу зиндон барои ширкат дар консери Эбӣ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Ҳабсу зиндон барои ширкат дар консери Эбӣ


Як фаъоли эрониро барои дидораш бо овозхони маъруф Эбӣ ба мӯҳлати се солу ҳафт моҳи зиндон маҳкум карданд. Амир Раисиён, вакили дифои Марям Каримбегӣ дар сӯҳбат бо вебсайти “Мадоро” рӯзи 1-уми август гуфт, ки додгоҳи инқилоби исломии шаҳри Теҳрон ахиран зерҳимояашро барои “таҷаммӯъ ва тавтеа ба хотири содир кардани ҷиноят алайҳи амнияти миллӣ” гунаҳор донист.
Ӯ инчунин ба мӯҳлати як сол барои “таблиғи ҷиноӣ алайҳи низом” ва як соли дигар барои “нигаҳдошти машрубот” айбдор дониста шуд, ки илова ба ин ҷаримаву 74 шаллоқро пешбинӣ мекунад. Бар асоси қонунҳои Эрон, дар чунин ҳолат ҷазои сахттарин татбиқ мешавад. Каримбегӣ 14 июн боздошт шуд.
Исми ӯ чун ширкатдори намоишҳои эътирозии соли 2009 маъруф аст, чун дар паи норизоияти мардум аз натиҷаҳои баҳсабарангези интихоботи президентии июни он сол мақомот даст ба саркӯб заданд ва бародари ӯ Мустафо Каримбегӣ ҳам дар қатори даҳҳо эътирозгари дигар кушта шуд.
Каримбегӣ як дафъа навишт, ки ширкат дар консерти Эбӣ орзуи деринаи ӯ аст ва баъдан овозхон шахсан ӯро ба Туркия барои иштирок дар консерти ҳунариаш даъват кардааст. Мақомот баъдан акси ӯро бо Эбӣ, ки худи Каримбегӣ дар саҳифаи шабакаи иҷтимоиаш нашр кард, муқобили ӯ истифода карда гуфтанд, ки ӯ ба ҷиноят алайҳи манфиатҳои миллӣ даст задааст.
Баъди қатли бародараш Мустафо дар 13 соли пеш Марям Каримбегӣ ва модараш Шаҳноз Акмалӣ ба мунаққидони бисёр сахти режими Эрон табдил шуданд. Апрели имсол ӯро аз таҳсил дар риштаи ҷомеашиносии Донишгоҳи Озоди Эрон хориҷ карданд. Модараш Шаҳноз Акмалӣ ҳам моҳи октябри соли 2019 ба як соли зиндон маҳкум ва аз ҳақи нашри мавод дар шабакаҳову берун рафтан аз Эрон маҳрум шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.