расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Кумитаи занон ва оила: Мардони дузана аз занони аввал бояд сипосгузор бошанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Кумитаи занон ва оила: Мардони дузана аз занони аввал бояд сипосгузор бошанд


Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, дар Тоҷикистон марде, ки ду зан дорад, бояд аз ҳамсари аввалаш барои шикоят накардан аз дузанагияш сипосгузорӣ кунад.
Ӯ бори дигар хотиррасон кард, ки дузанагӣ дар сатҳи қонунгузорӣ манъ аст.
Дар ҳамин ҳол, вай зикр кард, ки агар занҳо бо шикоят ва даъво ба мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба далели дузанагӣ муроҷиат кунанд, мард муҷозот мешавад.
“Зани дуюм мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин нест. Бисёр афсӯс, ки мардҳои мо дар аксар ҳолатҳо ба ин чиз нигоҳ накарда, зани дуюм мегиранд ва фақат хушбахтиашон аз он вобаста аст, ки занҳои якум аз болояшон шикоят намекунанд. Барои ҳамин ба занҳои якум раҳмат гӯянд ки ба мақомот шикоят намекунанд. Дар сурати шикоят кардани зан аз болои шавҳараш, албатта мард ба ҷавобгарӣ кашида мешавад”, - гуфт Қурбонзода.  
Раиси кумитаи занон гуфт,  яке аз омилҳои беҷазо мондани мардони дузана ин ба мақомот муроҷиат накардани занони якум аст.
Зимнан, бояд гуфт, ки тибқи моддаи 170 (Бисёрзанӣ, дузанагӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, барои дузанагӣ ҷарима ба андозаи аз 1000 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як ҳисоб ба 64 сомонӣ баробар аст), корҳои ислоҳӣ ба муҳлати ду сол ё маҳрум сохтан аз озодиро ба муҳлати панҷ сол пешбинӣ шуадааст.
Пешбинӣ шудани ҷазо дар қонунгузорӣ дар робита ба дузанагӣ ё бисёрзанӣ дар ҳолест, ки дар кишвар мардони зиёде пинҳонӣ зани дуввум мегиранд ва ин чиз дар баъзе мавридҳо боиси пошхӯрии оилаҳои аввал мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.