расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Оҷонсии содирот: “Боду ҳаво пиёзро қимат кард, на содирот”

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Оҷонсии содирот: “Боду ҳаво пиёзро қимат кард, на содирот”


Шавкат Бобозода, директори Оҷонсии содироти Тоҷикистон болоравии нархи пиёзро дар кишвар ба номусоидии обу ҳаво барои кишти пиёз арзёбӣ кард ва гуфт, содироти пиёз ба қамматии он сабаб нашудааст.
Ӯ имрӯз, 3-уми август дар нишасти матбуотӣ афзуд, ки нархи пиёз аллакай, дар бозорҳои дохилии кишвар мӯътадил шудааст.
"Нархи пиёз ба шароити обу ҳаво вобаста аст, ки барои парвариши пиёз номусоид буд", - афзуд Бобозода.Ба гуфтаи Бобозода, болоравии нархи пиёз ба содирот рабт надорад ва Тоҷикистон назар ба соли гузашта имсол, 18 ҳазор тонна камтар пиёз содир кардааст.
Ӯ гуфт, маҳдудияти муваққатии содироти пиёз ба қонеъ гардонидани талаботи дохилӣ вобаста аст. 
Номусодии боду ҳаво унвони кардани сабаби болоравии нархи пиёз аз ҷониби роҳбари Оҷонсии содироти кишвар дар ҳолест, ки Зафар Маҳмадиев, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ афзуд, ки ҳудуди ду ҳафта боз содироти пиёз аз Тоҷикистон ба хориҷ боздошта шудааст ва ин бо дастури ҳукумат сурат гирифта ва ҳадафаш танзими нарху таъмини бозорҳои дохилӣ бо ин навъ маҳсули кишоварзӣ мебошад.
Ба иттилои Маҳмадиев дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд 66 ҳазор тонна пиёз содирот шудааст, ки нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта 10 ҳазор тонна кам мебошад.Тӯли як моҳи охир нархи пиёз, як маҳсулоти лозимӣ барои хонадони тоҷикон аз 1-1,5 сомонӣ ба 8-9 сомонӣ гарон шуд. Ин нигаронии аҳолиро ба миён овард. Ҳоло нархи як килограм пиёз дар бозорҳои кишвар ба ҳисоби миёна 5-6 сомониро ташкил медиҳад.
Масъулони идораи кишоварзӣ сабаби болоравии ин навъ маҳсулотро ба коҳишёбии кишти зироат, номусоидии боду ҳаво ва гароншавии нуриҳои минералӣ рабт медиҳанд.
Амирбек Темур, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотии рӯзи 12 июли соли равон, омили болоравии нархи пиёзро кишти ками пиёзи барвақтӣ гуфта буд.
«Дар маҷмӯъ 1,2 ҳазор гектар майдони кишти пиёз кам карда шудаст. Аз ҷумла дар ноҳияи Ҷайҳун кишти пиёз 1 ҳазор гектар ва 200 гектар дар дигар ноҳияҳо», - гуфта буд Амирбек.Номбурда, ҳамчунин сабабҳои дигари боло рафтани нархи пиёзро болоравии нархи сузишвории дизелӣ ва нуриҳои минералӣ мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.