расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Таъсири манфии гармо ба ширмаконии модарони тоҷик

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Таъсири манфии гармо ба ширмаконии модарони тоҷик


Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) мегӯяд, бино бар мушоҳидаи мутахассисони тиб дар Тоҷикистон гармии шадид ширдиҳии модарон ба кӯдакони навзодро мушкил мекунад ва дар муносибати занон ба ин масъала тағйире ба назар мерасад. Шералӣ Раҳматуллоев, як масъули назорати бемориҳои кӯдакона дар Тоҷикистон гуфтааст, “дар кишвари мо бисёр модарон ба навзодонашон шири сина медиҳанд, вале ин муддат тӯлонӣ нест.
Дар ин ҷараён як навъ коҳиш мушоҳида мешавад, ки то 4-5 моҳро ташкил медиҳад. Як сабабаш метавонад гармии шадид бошад... Бисёр волидон дар ҳавои тафсон ба кӯдакон об медиҳанд, ҳарчанд маҳз шири модар эҳтиёҷоти ғизоии кӯдакро пурра бароварда мекунад”.
СҶТ мегӯяд, машварат ба модарон ин аст, ки ба камияш дар шаш моҳи аввали зиндагии фарзанд ҳатман ба ӯ шири сина дода шавад, чун он на танҳо саломативу хушҳолии кӯдакро таъмин мекунад, балки ҷисми тифлро аз ҳар гуна бемориҳо ҳимоят карда, пеши роҳи фарбеҳӣ, диабети қанд ва баъзе навъҳои саратонро мегирад.
Мутахассисони тиб дар Тоҷикистон, бахусус дар манотиқи деҳот, ки 70 дарсади кишварро ташкил медиҳанд, ба қавли СҶТ, бояд бештар бо ташвиқи ин паём дар миёни сокинон машғул шаванд. Раҳматуллоев ҳам гуфтааст, ки модарони навзодҳо ба кӯмак ниёз доранд ва ташвиқи ширдиҳии аз сина як бахши муҳими боло бурдани огаҳии тиббию беҳдоштии занон ба шумор меравад.
Бино ба омори СҶТ, даҳ сол пеш дар Тоҷикистон ҳар зани чорум (тахминан 24 %) фарзанди навзодашро бо шири табиӣ бузург мекард ва соли 2017 ин нишондод то 36 дарсад афзуд. Ҳоло барномаи ҳатмии ташвиқи шири модар ба стратегияи миллии саломатӣ ворид карда шудааст ва ҳадаф ин аст, ки то соли 2025 омори ширмаконӣ то 50 дарсад афзуда шавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.